Садбарги чаман
Сайёд ҳанӯз дар синфи панҷ мехонд, ки ошиқ шуд. Шояд он вақт намефаҳмид, ки эҳсоси зебои синаи ӯро ба туғён меоварда ишқ аст, аммо баъдҳо фаҳмид, ин зуҳури ишқи навпайдо буд. Ин эҳсос аз рӯзе пайдо шуд, ки Садбаргро дар паҳлӯи ӯ шинонданд, Садбарг аз синфи дигар ба синфи онҳо гузашт, зеро он ҷо бо муаллимааш ситорааш рост наомад. Бале, муаллима Бақоӣ мехост ин духтараки худпарастро ба таври худ тарбия кунад, аммо эркаи хонадон инро намехосту ҳар рӯз ба хонаашон шикоят мебурд. То синфи чор Садбарг дар синфе мехонд, ки муаллима ӯро аз ҷонаш зиёдтар дӯст дошта, бо садояш лаббай мегуфт. Падари Садбарг корманди калон буду ба муаллима тӯҳфаҳои арзанда меовард, дили муаллимаро ин тӯҳфаҳо нарм карда буданд. Баъди синфи чор синфи онҳоро Бақоии мардсифати ҷиддӣ гирифту Садбарг дигар шоҳбонуи синф набуд, муаллима аз ӯ ҳамон чизеро талаб мекард, ки қонуни маориф талаб мекард.
Ин ҳама ба Садбарг маъқул нашуд ва ба синфи Сайёдино гузашт, муаллими Сайёд, Ашрафзодаи забондон духтари рафиқашро дар бари Сайёд шинонду ӯро эрка мекард. Сайёд аз лаҳзаи аввал ба Садбарг маъқул шуд, ӯ дар сумкааш қандҳои қоғазашон ялаққосии бомазза оварда, ҳампаҳлӯяшро зиёфат мекард. Писарак низ аз ӯ қафо намонда, барои Садбарги бараш себи хубонии хушбӯй, тахташакалод, қурут, бодому писта оварда муроот мекард. Оҳиста-оҳиста дар дилаш як эҳсоси ширине пайдо шуд, ки бо дидани Садбарг дар вуҷудаш туғён мекард…
Ишқи зебо
Рӯзҳо мегузаштанду ишқи Сайёд ба Садбарг сабзтар мешуд, мисли ниҳолаке дар марзи ҷонаш реша медавонд. Садбарг рӯз ба рӯз калон шуда, зебову дилработар мешуд, аммо хислати хуб, ки надошт ҳамсинфон нағзаш намедиданд. Аммо барои Сайёд духтар олиҳаи ҳусну покизагӣ буд. Сайёд ҷавони зебо, доно ва боодобе буду духтарони зиёде бо меҳр сӯяш нигоҳ мекарданд, вале ӯ танҳо Садбаргро медиду бас. Як рӯз дарси адабиёт буду Ашрафзода ба Сайёд гуфт:
Сурататро чӣ кунам, ки ту надорӣ сирате,
Кас ба як ҷав нахарад сурати бемаъноро..
Канӣ ҳамин байтро таҳлил кун, бачем…
Сайёд байтро таҳлил карду гуфт, ки шоир мегӯяд гап ҳаргиз дар сурати зебо нест, бояд инсон сирати зебо дошта бошад. Ҳамин вақт аз партаи қафо Садоқати ҳамсинфаш луқма дод, шоири дигар гуфтааст, ки эй ман ғуломи он ки дилаш бо забон якест. Дили ту бо забонат як нест, оё ту сурат не, сиратро интихоб кардаӣ?! Ҳамин вақт Садбарг аз ҷояш хеста рафту Садоқатро зери мушту лагад гирифт. Муаллиму Сайёд ба зур ӯро аз зери дасти паланги хашмин халос карданд. Садбарг ба ҷояш нишаста, бешармона гуфт, ки сӯхта муред, ҳамаат. Пас аз ин дигар касе пишаки Садбаргро пишт намегуфт, Сайёд ба духтар изҳори ишқ накарда бошад ҳам, ин худшефта медонист, ки ҷавон аз ҷонаш зиёдтар ӯро дӯст медорад. Сайёд пеши худ мақсад гузошта буд, ки баъди хатми мактаб аввал ба хизмати ҳарбӣ меравад, баъд ба донишгоҳ дохил мешаваду Садбаргро ба занӣ мегирад. Садбарг бошад, оянда хондан намехост, мисли модараш хонашин шуданӣ буд, ӯ ҳамеша мегуфт, ки мард бояд пул кор карда биёяду оилаашро хӯронад. Зан набояд кор кунад, рисолати зан нигоҳубини хона ва тарбияи фарзандон аст, аммо як воқеа…
Давом дорад