Ҳунарманди ҷавони ҳиндӣ К. Биджай Кумар Реддии 23-сола аз иёлати Одиша қошуқчаи чӯбине бо дарозии ҳамагӣ 1,13 миллиметр сохта, рекорди ҷаҳонӣ гузошт!
Қошуқча чунон хурд аст, ки аз сӯрохии сӯзани дӯзандагӣ мегузарад. Барои сохтани он Бидҷай танҳо аз асбобҳои дақиқ ва теғҳои ҷарроҳӣ истифода бурд.
Биҷай мегӯяд, ки аз кӯдакӣ орзу дошт чизе созад, ки ҷаҳон ба он ҳайрон шавад. Рекорди пешин дар дасти ҳунарманди дигари ҳиндӣ - Навратан Праҷапати Муртикар буд, ки соли 2022 қошуқи 2 мм-ро сохта буд.
Ҳамин тавр, рақобат байни микроҳунармандон солҳои охир хеле шадид шудааст.