Ҳамал
Моҳи сентябр барои ошиқони мучали ҳамал чандон бобарор намеояд. Бо сабабҳои ночиз бо ҳам муноқиша карда, миёнатон девори бегонагӣ бунёд менамоед. Беҳтараш оромиро риоя карда, бо дағалгӯӣ ошиқатонро дилхунук насозед. Нафарони муҷаррад бахти худро ёфта наметавонанд, вале руҳафтода нашавед, вохӯрии тақдирсоз аз пеш аст.
Савр
Моҳи бобарор аст, баъзе нофаҳмиҳои ночиз сабаби сар задани муноқишаҳои хурд мегардад. Азбаски ҷанҷоли калон намекунед, ба зудӣ бо дӯстдоштаи худ забон меёбед. Нафарони муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст. Эҳтимол вохӯрӣ ҳангоми сайругашт дар боғ рух медиҳад. Вақте расидааст, ки ошиқон дар фикри бунёд намудани оила шаванд.
Ҷавзо
Моҳи бобарор меояд, дар муносибатҳои ошиқона дилгармиву меҳрубонӣ дида мешавад. Аз ошиқатон сюрпризро интизор бошед. Ишқу муҳаббати дутарафа то охири моҳ дар қалби шумо ҷӯш мезанад. Охири моҳ аз истироҳати якҷоя болидаруҳ мегардед. Нафарони муҷҷаррад таваҷуҳҳи яке аз ҳамкоронро эҳсос мекунанд.
Саратон
Бо сабаби ба якдигар боварӣ надоштан миёни ошиқон нофаҳмӣ сар мезанад, вале муҳаббат тамоми мушкилиҳоро рафъ месозад. Суҳбати ошкоро монеаҳоро бартараф месозад. Нафарони муҷаррад имкони пайдо намудани ҷуфти худро доранд, вале ба ҳам муносиб будани якдигарро дарҳол фаҳмида наметавонед. Нафарони оиладорро лозим аст, ки ба бадхоҳону душманон гӯш накунанд.
Асад
Зодагони мучали асад дар ин моҳ бо дӯстдоштаи худ ҳамдигарфаҳмиву муҳаббати беандозаро эҳсос мекунанд. Мулоқоту вохӯриҳои ошиқона нотакрор сипарӣ мегарданд. Нафаре бо изҳори муҳаббаташ шуморо ба ҳолати ногувор мегузорад. Барои посух додан шитоб накунед. Нафарони оиладор бояд аз самимияти муҳаббати ёри худ дилпур бошанд.
Сунбула
Ҳодисаву рӯйдодҳои хуш шуморо ба дунёи орзуву омолҳои нек мебарад. Барои нафарони муҷаррад рӯзҳои бобарор фаро мерасад, вале шумо бояд ҷуфти барои худ мувофиқу арзандаро интихоб карда тавонед. Дар ин ҷода ба садои қалб гӯш андозед. Нафарони ошиқ нияти барпо намудани оиларо мекунанд. Хабари хушро дарҳол овоза накунед, аз бадхоҳон андеша намоед.
Мизон
Нимаи аввали моҳ барои баъзе зодагони мучали мизон санҷишҳои ҷиддиро пеш меорад. Барои нафарони муҷаррад низ моҳи бобарор нест, шумо муҳаббати худро пайдо карда наметавонед. Руҳафтода нашуда, сари камбудиҳои худ кор кунед. Миёни ошиқон муноқишаву нофаҳмӣ сар зада, оқибати ногувор пеш оварда метавонад. Бахти худро аз даст додан нахоҳед, гузашт кунед.
Ақраб
Зодагони мучали ақрабро моҳи ошиқона дар пеш аст. Агар дар ҷустуҷӯи бахт бошед, ҳатман онро пайдо мекунед. Нафарони оиладор бори дигар моҳи асалро аз сар мегухаронанд. Муҳаббат аз нав шуморо болу пар мебахшад. Нафарони муҷаррад муҳаббати худро меёбанд, вале ошиқи ёфтаашон аз он идеале, ки дар ҷустуҷӯяш буданд, комилан дур аст.
Қавс
Барои он ки ошиқатонро ошиқтар созед, барояш лаҳзаҳои гуворо тақдим намуда, якҷоя истироҳат кунед. Нафарони муҷаррад имкони пайдо намудани муҳаббати худро доранд. Вохӯрӣ дар нақлиёт рух медиҳад. Нафароне, ки дар фикри барпо намудани тӯйи арӯсӣ ҳастанд, шитоб карданро тавсия намедиҳем. Баъзеҳо аз интихоби худ дудила мешаванд.
Ҷаддӣ
Дар ҳаёти шахсӣ дилмондагӣ эҳсос мегардад. Дар ҷустуҷӯи бахт саргардон мегардед. Нафарони ошиқро санҷишу имтиҳон интизор аст. Агар ишқи худро аз даст додан нахоҳед, сабру таҳаммулро пеша намоед. Нафарони муҷаррад бо шахсе шинос мешаванд, ки дар охир фиребгар буданаш маълум мегардад. Аз ин рӯ, шитоб накунед. Ошиқон бо душворӣ забон меёбанд. Бо сабабҳои ночиз муноқишаҳои доимӣ сар мезананд.
Далв
Аввали тирамоҳ дар муносибатҳои ошиқона барор меорад. Ошиқон нисбати якдигар муҳаббати бештарро эҳсос мекунанд. Нафарони муҷаррад бо ошиқи худ дар кино ё тарабхона шинос мешаванд. Яке аз дӯстони наздикатон изҳори муҳаббат намуда, пайваста шуморо ба дигарон рашк мекунад. Сари интихоб дуруст андеша намеод. Нафарони ошиқ бояд ба қадри меҳрубониву ғамхории ёри худ расида тавонанд.
Ҳут
Дар моҳи сентябр зодагони мучали ҳут аз муҳаббат сер мешаванд. Шуморо лаҳзаҳои ширини ошиқона ва вохӯриҳои тақдирсоз интизор аст. Нафаре муҳаббати деринтизорашро ба даст меораду дигаре ишқашро мустаҳкам месозад. Ҳутҳои муҷаррад нафареро вомехӯранд, ки умре дар интизораш буданд, аз ин рӯ, барои ба даст овардани дили ёр тамоми маҳорати худро ба кор мебаранд.