Ошиқи ноком (ҚИСМИ 3)
1297

Домодшавандаи хира

Нозим рӯзи дигар то бегоҳ хуни дил хӯрда, мисли девонаҳо ба чор сӯ гашт ва чун деҳаро пардаи шом фаро гирифт, роҳ сӯйи хонаи дӯстдоштааш пеш гирифт. Садир назди трактораш ҷумбуҷул дошту бо Нозим бо дили нохоҳам салом кард. Нозим нотарсона гуфт:

- Амакҷон, ману Саврия якдигарро дӯст медорем, илтимос, маро бадбахт накунед. Ман бе Саврия зиндагиямро тасаввур карда наметавонам.

Садир аз ин иқрори рӯйирости ҷавон ба қаҳр омада, ду-се шаппотии обдор ба баногӯшаш фароварду гуфт:

- Ман духтар он тараф истад, кучуки сагамро ба ту бетамиз намедиҳам! Дафъ шав аз назарам, ки каллаатро себча барин меканам!

Нозим метавонист ба ин шаппотиҳои марди ҷоҳили худхоҳ ҷавоб гардонад, вале хотири Саврия баландтар аз ҳама хотирҳо буд. Пас аз ҳамин ҳам дили Нозим сард нашуд, рӯзи дигар ӯ бародарашро зории зиёд карда, ҳамроҳаш ба хонаи Садир бурд. Ӯ ба бародараш ваъда дод, ки ҳамин дафъа ҳам Садир ӯро нафаҳмад, аз Саврия даст хоҳад кашид…

Ҷаҳли мураккаб

Садир дар рӯйи кати зери ҳавозаи ангур танҳо ва андешаманд чой менӯшид, таъбаш хира метофт. Бо дидани Носиру Нозим суп-сурх шуд ва гуфт:

- Носир, ту ҳаминҷо бош, ман бо ин дар танҳоӣ мардона гуфтугӯ мекунам. Носир дар лаби кат амонат нишасту Нозим аз паси Садир ба меҳмонхонаи ӯ ворид гашт. Носир банди андешаҳо гумон дошт, Худованд дар дили ин марди ҷоҳил раҳму шафқатро ҷо кардаасту дарахти орзуи додаркаш гул мекунад. Охир ӯ ду ҳафта боз шоҳиди чун шамъ сӯхта об шудани додаракаш буд…

Аз байн чанд дақиқа гузашт намедонад, вале бо дасту рӯйи пурхун аз хона бадар шудани Садирро дида, Носир ҷонҳавл худро ба меҳмонхона заду аз дидани ҷисми беҷони додараш ҳушаш рафт...

Пас аз доду войи аҳли хонаводаи Садир мардум рӯйи ҳавлии вай ҷамъ шуданд, ҳақу ҳамсояро ин даҳшати гӯшношунид лол карда буд, милисаҳо Садири даст ба пуштро ба мошини панҷарадор бор карда бурданд…

Аҳли деҳа барои ҷавонмарди меҳрубону панҷ панҷааш ҳунар хун мегиристанд. Саврия худро сабаби ин бадбахтиҳо дониста, қасд ба ҷонаш карданӣ шуд, вале апаи калонияш ӯро ба хонааш бурд, то ба худ биёяд…

Ба худ омадани ин духтараки сар то по орзу ба гумон аст. Охир, ишқи сархӯри ӯ дӯстдоштаашро ба домани хок ва падарашро ба зиндон бурд…

Аслан дар ин фоҷиа ӯ гунаҳгор нест, гунаҳгор ҷаҳли мураккаб аст, ки дар тинати баъзе волидони мо чун деви сияҳ ҷо гирифтаю чашмони онҳоро тира сохтааст…

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД