Ошиқи ноком (ҚИСМИ 2)
1260

Як гулу сад харидор

Холаи Барчиной писарашро ҳар рӯз таъкид мекард, ки зуд арӯси хушкардаашро гӯяд, вагарна ба хонаи хешаш хостгорӣ рафта, келини хушкардаи худашро арӯс карда меорад. Нозим модарашро хотирҷамъ карда, гуфт:

- Баъди ду моҳ хушкардаи ман мактабро хатм мекунад, тайёриятонро бинед…

Саврия имтиҳон месупорид, ки хостгорон ба хонаашон омаданро сар карданд. Падараш то он даме, ки як рафиқи наздики худаш бо дастовези зиёд ба хостгорӣ наомад, хомӯш буд. Вале ба рафиқаш Сафиаллоҳ, ки марди сарватманд буду писараш дар донишгоҳи тиббӣ мехонд, ризоият дод. Ин гардиши қисмат Саврияро моту маҳбут кард ва гирёну нолон воқеаи шудагиро ба Нозим нақл кард.

Дили ҷавонро гурбаҳои ваҳшии рашк ханҷол мезаданд, ӯро тарси аз даст додани дӯстдоштааш ба ваҳм оварда буд. Ҳарчанд дар деҳа фотеҳа шудани Саврия овоза шуда бошад ҳам, пеши пойи волидонаш афтод, то ба хостгорӣ раванд. “Эй бача, ба духтари дар фотеҳа кӣ хостгорӣ меравад, ҳушат дар ҷояш?!”,- бо зарда гуфт модар, вале падараш ба рангу рӯйи канда ва ҳоли зори писараш нигоҳ карда, худаш ба назди Садир барои маслиҳат рафт. Садир ҳамсояро бо хубӣ гусел карда гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад дӯсташро хафа кунад.

Нозим аз хобу хӯр монда, рӯйи ҳавлӣ ба қавле «чиртак» мегашту модар Саврияро дуои бад мегард:

- Худо гирад кокулони қаторатро, сиёҳи мазанг, он кӯчарӯбию гулшинонӣ беҳуда набудааст, бачаамро бутун девона кардааст. Садири гӯсолачашм аз писари ман зӯртар домод ёфтааст, рӯятро мурдашӯ бинад ту барин ҳамсояро…

Нозим дид, ки намешавад, нақшаи дигар кашид…

Духтари баномус…

Саврия мисли духтарони дигар телефонбоз набуд, мисли ҷавонони солҳои пеш бо забони имою ишора бо дӯстдораш мулоқот таъин мекард. Онҳо дар кӯча якдигарро дида, дар ҷойи доимияшон мулоқот таъин карданду шаб вохӯрданд. Гиряҳои талхи Саврия дили ҷавонро об мекарданд. Ӯ ба духтар гуфт:

- Саврияҷон, биё ҳозир ба мошин мешинему меравем Душанбе, аз он ҷо ба Маскав мепарем. Хонадор мешавем, баъд қаҳри падарат паст шуд, бармегардем, дигар илоҷ нест. Охир падарат ба падарам ҷавоби рад дод, ду бори дигар пинҳонӣ аз волидонам бародарамро фиристодам, не мегӯяд, чӣ бояд кард?!

Саврия лаҳзае аз гиристан бозмонду бо овози ларзон пичиррос зад:

- Ту падарамро намедонӣ, ӯ аввал модарамро мекушад, баъд намедонам, хонаи шуморо оташ мезанад… Баъди омадани бародарат маро зери мушту лагад гирифта, гуфт, ки ту бо ҳамун сағираи Додоҷон ягон бало дорӣ… Қасами дурӯғ хурдам, Худо маро бубахшад, зеро метарсидам, ки зарари падарам ба ту нарасад…

Садир дид, ки Саврия аз падараш қади аҷал метарсад, гапро ба шӯхӣ бурд:

- Ин падари ту ин қадар зӯр будаасту мо бедарак!

Аммо ин шӯхии дӯстдоштааш ба духтар нафориду пичиррос зад:

- Ту падарамро намедонӣ…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД