Писари ҷасур
Дар оилаи амаки Додоҷон ва холаи Барчиной чор фарзанд ба воя мерасиданд. Аз байни онҳо писари хурдӣ - Нозим бо хислатҳои аҷиби худ аз дигарон фарқ карда меистод. Ду духтари калониро шавҳар дода, ба хонаи бахташон гусел карданд, писарашон Носирро низ оиладор карда, ба хонаи арӯс оварданд. Аммо Нозими якрав ба нею нестони падару гиряҳои модараш гӯш надода, баъди хатми мактаб худаш ба комиссариати ҳарбӣ ариза дода, ба хизмати ватан рафт. Бархе аз ҳамдеҳаҳо Нозимро ҷавони ҷасуру нотарс мегуфтанду баъзеи дигар якраву девонамашраб…
Нозим хизмати ватанро сарбаландона ба итмом расонида, ба ватан баргашт ва дар омӯзишгоҳи касбию техникӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гашт. Мехост Русия рафта кор кунаду мошине харида, ба кирокашӣ машғул гардад, аммо падар садди роҳаш гашта, пасандози доштаашро ба дасти писараш дод, то орзуяшро амалӣ кунад. Акнун Нозими меҳнатдӯст байни роҳи пойтахту ноҳия мокувор мерафту меомад, ғайр аз кирокашӣ ӯ боз аз занони ҳамсояашон чаккаю ҷурғот, тухму равғани зардро арзонтар харидорӣ намуда, ба пойтахт оварда, ба савдогарони шиносаш бо нархи нисбатан баланд мефурӯхт. Баъзе ҳамсолони Нозим то ҳол аз ҳисоби волидайн зиндагӣ кунанд, ин ҷавонмардӣ меҳнатӣ як тинашро болои тин гузошта, замини наздиҳавлигӣ харид. Модараш духтараки зебоеро аз хешони дурашон таги чашм карда буд, Нозим барин домод камхаридор низ набуд, вале…
Ишқи духтари ҳамсоя
Дар дили Нозим ишқи Саврия - духтари ҳамсояашон кайҳо макон дошт. Саврияи сабзинаи қоматбаланд, ки кокулонаш заминро меруфтанд, бехабар аз ишқи ҷавон ҳар субҳу бегоҳ роҳи калонро об зада мерӯфту Нозимро бинад, ба ӯ хандаи ширине ҳадя намуда, мегуфт:
- Ака, дидед, ки нав об задам, бо мошинатон ҳамаро шудгор карда нагузаред, монед хушк шавад…
Нозим “гап нест” мегуфту аммо баъзан ваъдаашро фаромӯш карда, «шудгор» карда мегузашту нигоҳҳои гилаомези Саврияро ба сӯяш эҳсос карда, мегуфт:
- Те ҳамун ҷорӯба, худам мерӯбам…
Саврия дар синфи ёздаҳум мехонд. Як рӯз Нозим ӯро дар кӯча хилват дида, изҳори ишқ кард. Духтар низ ба ҷавон моил буданашро бо табассуми ширин фаҳмонд. Ҳамин тавр онҳо ба ҳам унс гирифтанд, шабҳои дароз зери маҷнунбеди поёни ҳотаи падари духтар қадкашида рози дил мегуфтанд. Нозим Саврияро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт ва суҳбатҳои онҳо дар доираи одобу ахлоқи ҳамида сипарӣ мегаштанд. Ҷавон сабзинаи чилгазамӯ, худаш Саврияро бо навозиш Робияи чилгазамӯ лақаб дода буд. Аз ишқи онҳо касе ҷуз Худои бузург хабардор набуд. Зеро Саврия аз падари ҷоҳилаш сахт метарсид, ду апааш ба хости падар шавҳар карда буданду бародари ягонаашро низ ба дӯстдоштааш надода, худи падараш хонадор кард. Гапи модараш дар ин хонадон гап набуд, чизе, ки падар мегуфт, барои онҳо қонун буд.
Муносибати амаки Садир - падари Саврия бо Нозим ниҳоят хуб буд. Садир трактор дошт ва аз ҳисоби ҷуфт кардани заминҳои мардум даромади хубе ёфта, зиндагияшро пеш мебурд. Нозим бисёр вақт дар таъмири тарактор ба амаки Садир ёрӣ мерасонд ва боварӣ дошт, ки мард хостгории вайро рад нахоҳад кард, вале…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД