Ман Замира, аз як ноҳияи атрофи пойтахт ҳастам. Соли гузашта номи пуршарафи донишҷӯиро соҳиб шудаму барои таҳсил ба шаҳр омадам.
Тақрибан ду ҳафта пас як ҷавони хира аз касе рақамҳои телефонамро гирифта, ҷонамро ба лабам мерасондагӣ шуд. Ҳамеша аз пасам медавид ва баҳудаю беҳуда занг мезад. Гапҳои пасту баланд мезадам, дашном медодам, то дилаш хунук шуда, маро ба ҳоли худ гузорад, вале ҳамоно «арӯсчаи хушрӯ будаӣ, қати ман намегардӣ? Бовар кун, бачаи фиребгар нестам, очама хонатон роӣ мекунам» гӯён, ҷонбезорам мекард.
Чанд бор қасдан ҳамроҳи як ҳамсабақам хандакунон аз наздаш гузаштам, то моро Лайлию Маҷнун гумон карда, дигар аз пасам надавад, вале дилсард нашуд.
Ҳар рӯз ба телефонам пул мегузаронд, паёмакҳои ошиқона менавишт. Барои ӯро санҷидан дар наздаш чанд шарт гузоштам. «Барои ту аз осмон ситора мебиёрам» гуфту рафт. Аз байн ду сол гузашт, аммо аз ситораҳои ваъдагияш то ҳол хабар нест. Дид, ки ман аз тоифаи духтарҳои гӯлу гаранг нестам, думашро хода карда гурехт.
Ба духтарони ҳамсолам гуфтан мехоҳам, ки ба чунин бачаҳои фиребгар бовар накунанду беҳтараш касбу кор аз худ намоянд.