formula
Орзуҳои шумо дар соли нав амалӣ мегарданд?
1698

 

Соли нав иди дӯстдоштаи аксари одамон аст, зеро новобаста ба синну сол ва касбу корамон мо ҳама дар қаъри дил ба муъҷиза бовар дорем. Ҳар кас ин идро ба таври худаш ҷашн гирифта, умед мебандад, ки дар соли нав орзуҳои амалӣ нагаштааш ҷомаи амал мепӯшанд ва ниҳоят дари бахту саодат ба рӯяш кушода шуда, ҳаёташ ранги дигар мегирад. Биёед месанҷем, ки шумо то кадом андоза соли навро дӯст медоред!

Яке аз посухҳои зеринро интихоб намоед

1. Соли навро дар куҷо пешвоз гирифтан мехоҳед?

а) дар хона - 2 хол;
б) дар Сафеддараву куҳсор – 2 хол;
в) дар тарабхона – 3 хол.

2. Шаби соли навро бо кӣ гузаронидан мехоҳед?

а) бо аҳли оила ва наздиконам - 3 хол;

Б) бо дӯстдоштаам-3 хол
б) дар байни нафароне, ки хуб намешиносам – 4 хол.

3. Кадом намуди мусиқиро меписандед?

а) ҳамонеро, ки дар тарабхона ва мавзеҳои сайёҳӣ пахш мекунанд - 1 хол;
б) мусиқиеро, ки хотираҳоро бедор месозад- 2;
в) худам ягон асбоби мусиқиро навохта суруд мехонам - 3.

4. Дастурхони солинавиро чӣ гуна дидан мехоҳед?

а) дар дастурхон бояд ғайри шири мурғ дигар ҳама чиз бошад - 4 хол;
б) хӯроку ширинию нӯшокӣ бояд ба қадри кофӣ бошад – 2 хол;
в) бо вуҷуди он ки ид аст, танзимро риоя кардан лозим аст – 1 хол.

5. Шумо барномаҳои солинавиро тамошо мекунед?

а) аз аввал то ба охир - 1 хол;
б) танҳо барномаи аз ҳама аҷибашро – 2 хол;
в) умуман тамошо намекунам – 1 хол.

6. Шумо матнҳои табрикотӣ ирсол менамоед?

а) ба ҳамаи шиносҳоям - 3 хол;
б) танҳо ба наздиконам – 2 хол;
в) ба ҳеҷ кас намефиристам – 1 хол.

7. Шумо дар соли нав туҳфа тақдим мекунед?

а) не, намекунам - 1 хол;
б) ба наздиконам – 3 хол;
в) танҳо барои аҳли оилаам – 2 хол.

 

Натиҷаи санҷишнома

Аз 1 то 10 хол

Шумо шахси хеле шармгину хоксор ҳастед. Ҷойи серодаму серғавғоро дӯст намедоред. Одатан соли навро дар доираи танги дӯстонатон ҷашн мегиред. Сарфакор ҳастед, ҳеҷ гоҳ пулро беҳуда сарф намекунед. Дар соли нав барои куллан тағйир додани сару либос, ҷои кор ва ҷои зисти худ ҷуръат пайдо намоед.

Аз 11 то 19 хол

Хислати бад надоред, аз ифрот дурӣ меҷӯед. Шумо шахси корчаллон, вале фурӯтан ҳастед. Ҳамсуҳбати хубед, бо одамони ношинос ба осонӣ забон меёбед. Аз таҳти дил хушҳолӣ карда метавонед, вале дар ҳама кор андозаро нигоҳ медоред. Соли 2019 вақти рушди шумо аст, бинобар ин, кори имрӯзаро ба фардо нагузоред. Муҷаррад бошед, ҳатман оила барпо намоед.

Беш аз 20 хол

Шуморо дар ҳама маҳфилҳо бо хушҳолӣ қабул мекунанд. Гули сари сабади шиносу ношинос мешавед, зеро бо одамон хеле зуд забон ёфта метавонед. Ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ кас манфиат намеҷӯед. Пулро бепарвоёна сарф мекунед. Самимият, нармдилӣ ва хоксории шумо ба атрофиён писанд меояд. Мусиқиро дӯст медоред. Одами шӯхтабиат ва мисли фаришта поку беолоиш ҳастед. Соли нав бароятон навгониҳои зиёд меорад, ба тағйиротҳои ҷиддӣ омода бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД