arzon replenishment
ОРЗУИ ФИРДАВСРО КӢ АМАЛӢ НАМУД? (ВИДЕО)
28.12.2020
Р. Азимӣ
4104
ОРЗУИ ФИРДАВСРО КӢ АМАЛӢ НАМУД? (ВИДЕО)

Рӯзе, ки мо, аҳли эҷоди сомонаи "Оила" дубора ба деҳаи Навободи ноҳияи Шаҳринав ба аёдати қаҳрамони барномаамон рафтем, хонаи Фирдавс Саидов сермеҳмон буд. Пас аз пахши навори видеоии мо аз рӯзгори ин марди маъюб бисёриҳо ба ин оилаи камбизоат дасти ёрӣ дароз намуданд.

Соҳибкори муваффақ ва хайрхоҳи тоҷик Маҳмудҷон Муродов низ бо дастовезҳои зиёд, аз ҷумла орд, равған, шакар, тухм ва дигар анвои хӯрока ба аёдати Фирдавс Саидов рафта, дили нозуки ин марди маъюб ва аҳли оилаашро хурсанд кард. Фарзандони хурдакаки Фирдавс либосҳои гарми зимистонаеро, ки меҳмонон оварда буданд, ба бар намуда аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Фирдавс аз ҳама бештар ба аробачаи маъюбии худҳаракаткунанда ниёз дошт.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов дар арафаи соли нав орзуи ин марди маъюбро амалӣ гардонида, хотирашро шод гардонд. Мо ба Маҳмудҷон Мурдов ва дигар шахсони хайрхоҳ, махсусан ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба зиндагии душворашон дар ғарибӣ нигоҳ накарда, ба ин марди маъюб дасти мадад дароз намуданд, изҳори сипос менамоем. Сомонаи Оила ҳамеша ҳамдаму ҳамнафаси шумо монда, бароятон аз рӯзгори чунин афроди ниёзманд қисса хоҳад кард.

Умедворем, ки дар соли 2021 низ афроди хайрхоҳу накӯкор бо мо ҳамкорӣ карда ба маъюбон, ятимон, беморон , оилаҳои камабизат ва дигар одамони мӯҳтоҷ дасти мадад дароз менамоянд, зеро фармудаанд:
Рав, некӣ кун,ки даҳр некӣ донад,
Ӯ некиро зи некувон настонад.
Мол аз ҳама монад, аз ту ҳам хоҳад монд,
Он бех,ки ба ҷойи мл некӣ монад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД