formula
ОРЗУГУЛ ХӮҶАМОВА: ДУОГӮ БОШЕД ДӮСТОНАМ, ДИГАР МАДОРАМ НАМОНД
30.05.2020
Оила
3975

 

Овозхони шинохтаи кишвар Орзугул Хӯҷамова чанде қабл аз бад шудани вазъи саломатиаш дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дода буд. Он замон овозхон навишта буд, ки ба зукоми шадид гирифтор шудаву аҳволаш бад аст. «Ба фикрам грипп тамомшавӣ надорад…

Дуогӯ бошед, дӯстонам. Дигар мадорам намонд»,-навишта буд, бону Хӯҷамова дар Фейсбук. Овозаҳое низ паҳн шуда буданд, ки гӯё овозхон ба «коронавирус» гирифтор шудааст. Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз ҳолу аҳволи Орзугул Хӯҷамова бо ӯ ҳамсуҳбат шудем ва овозхон муждагонӣ дод, ки комилан сиҳат шудааст. «Зукоми сахт шуда будам. Рости гап, худам ҳам тарсидам, ки мабодо «коронавирус» набошад. Ба духтур муроҷиат кардам ва пас аз муоина гуфтанд, ки бронхит (шамолхӯрии шохаҳои роҳи нафас) шудаам. Доруву дармон тавсия доданд ва табобатро дар хона гирифтам. Ҳоло хубам ва имрӯз ҳатто ба бозор рафта омадам. Аз саломатии худ шикоят надорам»,-гуфт, Орзугул Хӯҷамова дар суҳбат бо хабарнигори  «Оила». Дар идомаи суҳбат овозхон ба кулли мардуми Тоҷикистон ва сайёра дуои нек дод, то беморон зудтар шифо ёбанду ин бало аз сари мардум дур шавад. Орзугул Хӯҷамова аз зумраи камтарин овозхонҳои зиндасарои кишвар мебошад. Мо аҳли эҷоди «Оила» ба ӯ умри дарозу саломатии бардавом орзумандем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД