Зафар Абдуалимов, овозхони шинохта, ҳунарманди хушсадои тоҷик чанд рӯз қабл ба бемории сироятии «коронавирус» гирифтор шудааст.
Хабарнигори сомонаи оила Рустам Азимӣ дар пайи тасдиқи ин овоза бо худи ҳунарманд ҳамсӯҳбат гашт. Овозхон гирифтори бемории COVID-19 шуданашро тасдиқ намуда, чунин гуфт: ҳамроҳи аҳли оилаам ба ин бемории ҳамагир мубтало шудаам. «Санаи 21-уми моҳи гузашта бемории ман оғоз шуд. Давоми се рӯзи аввал мо нафаҳмидем, ки ин чӣ беморӣ аст. Аввал дилам дард кард, баъд ҳарорати бадану фишори хунам ҳам баланд шуд. пеш аз ин барои харидани майду чайда ба бозор рафта будам. Он рӯзи шум дар бозор марде атса зад ва ба ӯ нигоҳ кардам, ки дар ҳақиқат ба нафари бемор монанд аст. Ҳарчанд ниқоб доштаму дар сарам кӯлоҳ буд, вале чашмонам кушода буданд. Аз ҳамон рӯз бемории ман оғоз шуд»,-мегӯяд.
Ба гуфтаи овозхон, падару модар, ҳамсар, бародар ва хоҳаронаш низ гирифтори ин беморӣ ҳастанд. Баъди гирифтани табобат ва назорати пайвастаи табибон ҳоли худи овозхон ва аҳли оилааш муътадил арзёбӣ карда мешавад. Дар идома Зафар Абдуалимов ба сокинон маслиҳат медиҳад, ки аз ниқобҳои тиббӣ ва айнакҳои муҳофизатӣ ба таври ҳатмӣ истифода карда, мӯйҳои худро дар зери рӯймол ва кӯлоҳ пинҳон кунанд, зеро вирус дар мӯй зиёдтар умр медидааст.
Зафар Абдуалимов се маротиба издивоҷ карда, ҳафт сол мешавад, ки ҳамроҳи ҳамсари севумаш зиндагии орому осуда дорад ва хушбахт аст. Ӯ соҳиби ду фарзанд мебошад. Писараш Шерзод аз издивоҷи аввал ва духтарчааш Амира аз издивоҷи севумаш ба дунё омадаанд. Зафар Абдуалимов ба ғайр аз овозхонӣ, дар шоу-барномаҳои бузурги байналмилалӣ доварӣ ҳам мекунад. Инчунин, чанд соли охир аст, ки шогирдони ӯ фаъолона дар озмунҳои хориҷӣ иштирок карда, бо сари баланд ба Ватан бармегарданд.