sebiston july new
4- роҳи сони резондани кирми рӯда
3456

Писарчаи панҷсолаам кирми рӯда дошт. Чанд маротиба табобат кардем, вале кирмҳо боз пайдо шуданд. Акнун кирм ба духтарчаам ҳам гузаштааст. Мегӯянд, ки кирм ақли кӯдакро заиф ва зеҳнашро кунд менамояд. Илтимос, ягон роҳи аз кирмҳо халос шуданро бигӯед.
Зуфунун, ш. Душанбе.

Посух
Зуфунун, мутаассифона шумо нагуфтаед, ки фарзандонатон кадом намуди кирмро доранд. Табобат бо дарназардошти намуди кирм ба роҳ монда шавад, натиҷаи беҳтар медиҳад. Ба ҳар сурат ман ба шумо чанд давоеро тавсия медиҳам, ки барои тамоми намудҳои кирм ба кавле «аҷал» ҳастанд.

Нусхаи аввал
Муддати даҳ рӯз ҳар саҳар пеш аз субҳона ба ҳар як фарзандатон як қошуқи калон тухми каду ва 1-2 дона сир диҳед. Пас аз як соат ба кӯдакон доруи исҳоловар додан лозим аст, то кирмҳои мурда резанд.

Нусхаи дигар
Лимӯ кирмкуш аст. Ҳар рӯз як дона лимӯро бо пӯсташ аз турбтарошак гузаронед ва ба зарфе гирифта аз болояш каме обу як қошуқ асал андохта монед то шаб истад. Шабона, пеш аз хоб ин даворо ба бачаҳоятон диҳед.

Нусхаи сеюм
Садбарги куҳӣ, ки рангаш сафед буда, бӯйи муаттар дорад, барои аз кирмҳо халос шудан давои беҳтарин аст. Як қошуқ барги гули садбаргро дар зарфе андохта аз болояш 100 грамм оби ҷӯшидагӣ резед ва монед як соат истад. Ба кӯдакон рӯзе 3-4 маротиба ин гулобро бинӯшонед, ҷонашон аз кирмҳо халос мешавад.

Нусхаи чорум
Барги шафтолуро кӯфта, оби онро ба пахтаи тоза гирифта аз қафо ба мақъади кӯдак гузоред, аз хорише, ки бо сабаби кирм сар мезанад, раҳоӣ хоҳад ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД