Имрӯз чанд сатреро дар бораи духтуре иншо месозем, ки қариб нисфи аҳолии кишвар ӯро медонанду мешиносанд. Ин қаҳрамони сафедпӯш фелдшери ёрии таъҷилии беморхонаи Истиқлол, Хисайнов Муҳаммад мебошад.
Яқин гуфта метавонам, ки аз исмаш ӯро нашинохтед, аммо агар гӯям, ки 4-уми май дар тамоми сомонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ видеои ӯ давр мезад, зуд пай мебаред. Ӯ ҳамоне, ки пойафзоли худро бӯсида, қасам хӯрда онро болои сар бардошт, албатта, аллакай он ҷавони дар видео гиряи ҷонгудозмекардагӣ пеши назаратон омад, ӯро шинохтед?
Мутаассифона, ӯ ҳам дар майдони набарди мубориза бар зидди беморӣ COVID-19- аз пой афтод. Дар Facebook дар саҳифаи гурӯҳи "History and famous people in Asia" хабари бемор шудани Муҳаммад нашр шуд. Худи корманди беморхонаи "Истиқлол" Хисайнов ба мардум муроҷиат намуда гуфтааст: " Аз тамоми мардумам узр мепурсам, агар аз мо ягон хатое гузашта бошад. Барои мо низ сахту сангин буд, каҳрамон мо не, балки модарҳое, ки моро зодаанд, ватане, ки моро тарбия кардааст, мардуме, ки ба мо дар рузҳои сахт луқмаи ноне додааст. Гиряи ҳар як бемор, аз ҷумла аз кӯдаки хурдсол то модари пир дар дилам нақш бастааст. Гиряҳоятон гулӯгирам карда буд, аммо аз дасти банда ҳар коре, ки меомад, барои сиҳат шудани шумо мекардам. Худо шоҳид аст, то ба бистари беморӣ шуданам аз рӯйи виҷдонам ҳарчанд метавонистам барои наздикони шумо дасти кӯмак дароз мекардам. Шахсоне, ки наздикони худро аз даст додаанд, ҳамдардии маро қабул кунанд. (Мо аз сӯйи Худо омадем, бозгашти мо боз ба сӯйи ӯст). Азизон хидмати ман ҳоло тамом нашудааст, барои шумо, иншаАллоҳ бо дуоҳои пирони рӯзгордида аз ин беморӣ раҳо хоҳам шуд ва барои шумо хидматамро идома хоҳам дод. Бо иззату эҳтиром фелдшери ёрии таъҷилии Истиқлол Хисайнов. Муҳаммад .Р "
Ёдовар мешавем, ки 16-уми майи соли ҷорӣ Ҳисайнов як навори дигареро, дар Фейсбук нашр карда буд, ки дар он сабти видеоӣ аз бемор будани ҳамкасбаш Анақулов Искандар хабар дода буд. Анақулов табиби солхӯрдае мебошад, ки баробари рӯзадор буданаш шабу рӯз дар хизмати беморони коронавирус буд. Вазъи саломатияш, ба гуфти ҳамкасбаш Хисайнов ҳоло хуб шудааст.
Мебоист таъкид намуд, ки аз он замоне, ки бемории COVID-19ба Тоҷикистон омад, дар баробари беморон чандин табибон ва кормандони беморхонаҳо сироят ёфта буданд. Хеле мутаассифем, ки коронавируси аждаҳорсифат чандин духтурони дараҷаи олӣ, соҳибкасб ва хизматнишондодаро рабуд.
То 25-майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон шумораи ба сироятшудагони COVID-19 3100 нафар расида, дар ин байн 1395 кас шифо ёфтаанд ва 46 бемор аз коронавирус фавтидаанд. Дар як шабонарӯз ҳамагӣ 171-нафар сироят ёфтаанд.