“Овозхони маъруфи кишвар Зафар Аюбӣ (маъруф бо тахаллуси Зафарча), ки рӯзи 11-уми май бо бемории пневмония дар беморхонаи Мансурови пойтахт бистарӣ гашта буд, имрӯз аз дунё гузашт. Худо раҳматаш кунад!”-навиштааст ММ-ММ, як корбари шабакаи фейсбук дар гурӯҳи Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон.
Ин хабари шум дар як лаҳза дар тамоми гурӯҳҳои фейсбукӣ паҳн гардида, мардумро ба шигифт овард ва аксарият аз марги нобаҳангоми овозхони шинохта сахт андуҳгин гаштанд.
Хабарнигори ҳафтаномаи “Оила” Рустам Азимӣ дарҳол аз пайи аниқ намудани ҳақиқати ҳол шуда, сараввал бо бародарзодаи сароянда Пайрав Аюбӣ ва баъдан бо худи Зафар Аюбӣ дар тамос шуд, ки фишурдаи суҳбаташонро пешкаши шумо мегардонем.
- Алло, ин телефони Зафар Аюбӣ аст?
- Не, ман бародарзодааш Пайрав Аюбӣ ҳастам. Кӣ мепурсад?
- Ман рӯзноманигор Рустам Азимӣ, аз ҳсомонаи “Оила”!
- Хӯш, гӯш мекунам, бародар!
- Овозаи марги Зафар Аюбӣ то куҷо асос дорад?
- Кӣ гуфтааст ин гапи дурӯғро? Тавба, ин ҳангомаҷӯён кори дигар надошта бошанд?
- Ором шавед, бародар. Ин хабарро як мухлиси акои Зафар дар Фейсбук расонаӣ кард.
- Лаънати Худо ба чунин нафарони ҳангомасоз... Ба фикрам ин кори дасти нафаре аз душмани хонаводагии мо аст.
-Овоза чунон босуръат паҳн шуд, ки мухлисони Зафар барои аниқ намудани ҳақиқат телефонҳои моро лаҳзае ором шудан намемонанд...
-Бовар мекунед, дар як лаҳза ба худи ман нисфи аҳолии кишвар занг зад. Вақте фаҳмиданд, ки Зафар Аюбӣ дар беморхонаи Мансуров бистарӣ асту саломатияш рӯ ба бебудӣ овардааст, ором шуданд. Ман намедонистам, ки мардуми Тоҷикистон амаки маро то ин андоза дӯст медоранду ҳунарашро қадр мекунанд.
- Айни ҳол вазъи саломатияшон чӣ гуна аст?
- Аҳволаш хуб аст. Имрӯз саломатияш хеле рӯ ба беҳбудӣ овард. Шукронаи Худо шифо ёфта истодаанд.
-Мо метавонем бо худи Зафар Аюбӣ дар тамос шавем?
- Майлаш, ман ҳозир ба наздашон рафта, худам ба шумо занг мезанам.
- Бошад!
Баъди чанд лаҳза гӯширо худи Зафар Аюбӣ бардоштанд.
- Салом, акои Зафар. Шумо хуб ҳастед?
- Шукри беандоза, хуб ҳастам!
- Барои садои шуморо шунидан аз субҳ инҷониб Пайравро ором намегузорам. Вазъи саломатиятон чӣ хел аст?
-Каме нотоб шудам, аз хурӯҷи бемории қалб дар беморхона табобат гирифта истодаам. Бо шарофати тавсияву нигоҳубини духтурони ин дармонгоҳ рӯз ба рӯз саломатиям рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Иншоаллоҳ шифо меёбем!
- Худованд шифои комилу оҷил насибатон гардонад!
-Омин! Ба ҳамаи мухлисонам расонед, ки хавотир нашаванд. Зафар Аюбӣ зинда аст ва ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Иншоаллоҳ сиҳату саломат аз беморхона бароям, хотири мухлисонамро бо як консерти хайриявӣ шод мегардонам.
- Ҳатман ин хабари хушро ба мухлисони ҳунаратон мерасонем!
- Зинда бошед! Ба кулли хонандагон ва кормандони шумо саломатӣ таманно дорам.
- Саломат бошед!