Ориёно Саид: Ба Афғонистон барнамегардам, агар...
Чанд моҳ мешавад, ки ҳукумати Афғонистон дар дасти Толибон (ҳаракати террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон) қарор дорад ва дар робита ба ин, як қисми мардуми ҷафодида маҷбур шуданд, ки Ватани хешро тарк намоянд. Дар миёни аввалин гурӯҳи гурезагоне, ки бо ҳавопаймои боркашонии Амрико санаи 18-уми августи соли равон Афғонистонро тарк карданд, овозхони шинохтаи афғон Ориёно Саид ва шавҳараш Ҳасиб Саид низ қарор доштанд. Онҳо нахуст ба Қатар ва аз он ҷо ба Истанбул рафта, ҷон ба саломат бурданд. Ориёно Саид дар гузашта чӣ рӯзу рӯзгор дошт? Мегӯянд, ки ӯ тоҷик асту аз тоҷик буданаш ифтихор мекунад. Оё ин овозхони шинохта дигарбора ба Афғонистон бармегардад? Аз ин ба баъд ӯ чӣ гуна зиндагӣ хоҳад кард? Дар ин шумора тасмим гирифтем, ки зиндагиномаи Ориёно Саидро варақгардон карда, ба суолҳои дар боло зикршуда посухи дуруст пайдо намоем.
Зиндагинома
Ориёно Саид 36 сол дорад. Ӯ 14-уми июли соли 1985 дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон-шаҳри Кобул таваллуд шудааст. Падари Ориёно паштун буда, модараш тоҷик мебошад ва бо забони дарӣ ҳарф мезанад. Кӯдакии Ориёно хеле мушкил паси сар шудааст, зеро вақте ба дунё омад, ҷангҳои дохилии Афғонистон ҳамоно идома доштанду душманон хуни мардуми бегуноҳро мерехтанд. Ба ҳамин хотир, вақте Ориёно ҳамагӣ 8 сол дошт, волидонаш тасмим гирифтанд, ки аз Афғонистон бикӯчанд ва зиндагии навро оғоз намоянд. Онҳо аввал ба Покистон ва баъдан Швейтсария рафтанд. Як муддат дар шаҳри Лондони Англия низ зиндагӣ кардаанд.
Меҳри кӯдакӣ ва мақсади қотеона
Ориёно новобаста аз ҷангҳои дохилии Афғонистон, аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Ҳангоми кӯчидан аз як кишвар ба кишвари дигар, ӯ ва хонаводааш дар лагерҳои гурезаҳо зиндагӣ мекарданд ва духтарак ба хотири ояндаи дурахшону расидан ба ҳадафҳои нек, ба ҳама мушкилиҳо тоб меоварду сабр мекард. Душвориҳо ҷаҳонбинии ӯро васеъ мекарданд ва меҳри мусиқӣ ба Ориёно кӯмак мекард, ки аз мушкилиҳо наҳаросад. Ӯ дар 12-солагиаш ба мактаби мусиқӣ дохил шуд ва пас аз ин, қотеона дар назди худ мақсад гузошт, ки дар оянда ҳатман санъаткор мешавад ва аз интихобаш даст намекашаду аз роҳаш бознамегардад.
Оғози фаъолият ва шӯҳрати ҷаҳонӣ
Ориёно фаъолияти овозхонии худро соли 2008 бо суруди “МошоАллоҳ” оғоз кардааст. Ӯ он замон ҳамагӣ 23 сол дошт. Мардум ба ин духтараки зеборӯю чеҳрахандон таваҷҷуҳ карда бошанд ҳам, сурудаш он қадар ба дилҳо роҳ наёфт. Овозхон соли 2011 суруди навбатиашро бо номи “Афғонписарак” нашр кард ва ин суруд ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Баъди нашри суруди “Афғонписарак”, ба Ориёно пешниҳод мекарданд, ки дар консертҳои дохиливу байналмилалӣ иштирок намояд. Ҳамин тавр, Ориёно ба сафар кардан шурӯъ кард ва дар ҳар кишваре, ки афғонҳо зиндагӣ мекарданд, консерт медод. Ҳамчунин, дар авҷи маъруфияташ ба Афғонистон баргашт ва хотири ҳамватанонашро бо суруди мондагори “Гули себ”, ки яке аз сурудҳои қадимии мардуми афғон мебошад, шод намуд.
“Сарояндаи озодӣ”
Баъди ба Афғонистон баргаштанаш, Ориёно барои таронаи “Дилам танг аст” намоҳанг сабт кард ва ҷоизаи “Aryana Television Awards”-и Телевизиони “Ориёно”-и Афғонистонро ба даст овард. Пас аз ин, аз ҷониби Ҷовид Шариф, овозхони дигари афғон, пешниҳоди ҳамкорӣ гирифт ва ҳарду ду таронаи муштарак “Биё-биё” ва “Ҷилва”-ро рӯйи кор оварданд. Ориёно танҳо аз ишқу муҳаббат намесароид. Ӯ дарди мардуми кишварашро дарк мекард ва хоҳони поён ёфтани ҷанг буд. Аз ҳамин ҷост, ки суруди “Бонуи оташнишон”-ро эҷод намуд ва онро ба занҳои шуҷои Афғонистон эҳдо кард. Баъди ин суруд, мардум ба ӯ унвони “Сарояндаи озодӣ”-ро доданд.
Ровии телевизион
Ориёно Саид ғайр аз овозхон буданаш, ровии телевизион низ ҳаст. Ӯ замони дар шаҳри Лондон зиндагӣ карданаш, барои шабакаи “1TV”-и Афғонистон шоу-барномаи машҳур ва сертамошобини “Шаби мусиқӣ”-ро таҳия менамуд. Сар аз соли 2013 овозхон ҳакамони шоу-барномаи “The Voice”-и Афғонистон мебошад, ки тариқи шабакаи “TOLO TV” пахш мешавад. Баъдтар, доварии барномаи “Ситораи афғон”-ро низ ба ӯ бовар карданд.
Ҳаёти шахсӣ
Ориёно ҳаёти шахсиашро пурра ифшо накунад ҳам, мухлисонашро аз баъзе қисматҳои муҳими зиндагиаш бохабар месозад. Масалан, ҳамагон медонанд, ки ӯ бо менеҷераш Ҳасиб Саид издивоҷ кардааст. Саҳнаи изҳори муҳаббат кардани Ҳасиб ба Ориёно хеле ҷолиб аст. Санаи 14-уми июли соли 2018, дар рӯзи таваллудаш Ориёно дар шаҳри Мелбурни Австралия барномаи консертӣ дошт. Ӯ дар саҳна машғули ҳунарнамоӣ буд, ки ногаҳон Ҳасиб аз паси саҳна берун омада, ба зону зад ва ба ӯ пешниҳоди хонадоршавӣ кард. Ориёно аз ҳаяҷони зиёд базӯр тавонист, ки “ҳа” бигӯяд ва ин яке аз лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда дар ҳаёти ӯст. Овозхон ният надорад, ки ба наздикӣ модар шавад, зеро, ба гуфтаи худаш, барои ин масъулияти бузург ҳанӯз омода нест.
Ба Афғонистон барнамегардам, агар...
Феълан Ориёно ва шавҳараш дар шаҳри Истанбули Туркия зиндагӣ доранд. Ӯ замони дар Афғонистон буданаш ҳамеша аз ҳуқуқи занҳо ҳимоя мекард ва ҳоло низ, ҳарчанд аз Ватан дур аст, барои ҳимояи ҳуқуқи занҳои афғон садо баланд мекунад. Ӯ мегӯяд, агар ҳукумати Афғонистон дар дасти Толибон боқӣ монад, дигар ҳеҷ гоҳ ба Ватанаш барнамегардад. Дуо мекунем, ки дар Афғонистон низ сулҳу оромӣ ҳукмфармо гардад ва кулли ҳунармандони афғон дар Ватани хеш касби худро идома бидиҳанд.