arzon replenishment
Орегон - калонтарин замбурӯғ дар ҷаҳон
381

Замбӯруғи Орегон яке аз бузургтарин организмҳои зинда дар рӯи замин мебошад. Ин замбурӯғ дар иёлоти Орегони ИМА пайдо шудааст ва дар зери замин паҳн шуда, минтақаи васеъро фаро гирифтааст.

Замбурӯғҳои Орегон майдони тақрибан 9,6 км² (965 гектар)-ро дар ҷангали миллии Малур (Malheur National Forest) фаро гирифтаанд. Синну соли ин намуди замбурӯғҳо тақрибан 2,500 то 8,000 сол тахмин зада мешавад.

Вазни умумии занбурӯғи Орегон ба садҳо тонна мерасад. Қисми асосии замбурӯғи мазкур дар зери замин пинҳон буда, ба шабакаи решаҳое монандӣ дорад, ки бо танаҳои дарахтон пайваст мебошад. Замбурӯғи Орегон аз решаи дарахтон ғизо мегирад ва ин боиси хушк шудани дарахтони дар гирду атрофи ин намуди замбурӯғ ҷойгиршуда мегардад.

Замбурӯғи Орегонро биологҳо соли 1998 ҳангоми таҳқиқи сабабҳои хушк шудани дарахтон дар ҷангали миллии Малур кашф кардаанд. Орегон яке аз калонтарин намудҳои замбурӯғ дар ҷаҳон ба шумор равад ҳам, метавонад барои экосистемаи ҷангал хатар эҷод намояд. Олимон ба омӯзиши ин навъи замбурӯғ идома дода истодаанд.

Азбаски қисми зиёди замбурӯғи Орегон дар зери замин аст, то кадом андоза бузург буданашро бо чашми сар дидан душвортар аст, вале хислати нодир ва ҳаёти дарозмуддаташ онро хеле ҷолиб мегардонад.

Судоба АКОБИРЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД