Ҳодисаҳои дуздию авбошӣ вақтҳои охир дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атроф тез-тез рӯй дода, боиси зарар дидани шаҳрвандон мегарданд. Субҳи имрӯз яке аз муштариёни сомонаи Оила. ТЧ аз сар задани боз як ҳодисаи ғоратгарӣ дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт хабар дод.
Наврӯз Шарипов мегӯяд, шахсони номаълум дар маҳаллаи Гипрозем бо санг шишаҳои мошини ӯро шикаста, аз бордончаи автомобил пул ва тамоми ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла ҳуҷҷати ронандагӣ ва шиносномаи ӯро ба яғмо бурдаанд.
Ҳуҷҷати ронандагӣ ва шиноснома ба номи Шарипов Наврӯз Рамазонович буда, аз шахсоне, ки ин ҳуҷҷатҳоро пайд кардаанд, хоҳиш карда мешавад, ки бар ивази мукофот ҳуҷҷатҳоро ба соҳибаш баргардонанд.
Телефон барои тамос: 98-916-16-26