Ҷорҷинои 30-сола дар намоиши коллексияи бренди мӯди "Vetements" бо либоси сурх, ки ба куртаи Криштиано Роналдо монанд аст, баромад карда, тамошобинону ҳаводорони мӯдро дар ҳайрат гузошт.
Ҷорҷино Родригес ҳамсари ҳамлагари бошгоҳи “Ал-Наср” Криштиано Роналдо дар ҳафтаи мӯди Париж иштирок карда, бо либоси ғайриодии худ, яъне либосҳои варзишӣ бо навиштаи Роналдо ҳамаро қоил кард.
Либоси пӯшидаи Ҷорҷино ба куртаи дар дастаи "Манчестер Юнайтед" мепӯшидаи Роналдо шабоҳат дорад. Ҳамсари ситораи маъруфи футбол дар қафои либоси ба бар кардааш, "Барои ишқи ҳаёти ман" навиштааст. Либоси ӯ аз тарафи ҳозирин хуш истиқбол карда шуд.
Бояд гуфт, ки Ҷорҷино ҳанӯз аз синни чорсолагиаш ҳамчун раққоса фаъолияташро дар сатми фарҳанг оғоз намуда, сипас ба Мадрид кӯчидааст, то касбашро дар соҳаи мӯд сайқал диҳад.
Ҷорҷино Родригес бори аввал бо Роналду дар "Gucci" вохӯрдааст. Он замон ӯ ба ҳайси фурушандаи "Gucci" фаъолият мекард.
Тавре ки худи Ҷорҷино гуфтааст:
“Вақте ман бо Роналду дар мағозаи Gucci вохӯрдам, ҳеҷ бовар надоштам, ки муҳаббати мо то ин ҳад самимӣ ва ҳаётбахш мегардад.
Айни замон онҳо, яъне Роналду ва Ҷорҷино соҳиби панҷ фарзанд мебошанд.
Абдуғаффор Шодиев