Ҷонибек Муродов сарояндаи саршиноси тоҷик писардор шуд. Дӯстону наздикони ин овозхон дар саҳифааш Ҷонибекро ба муносибати писардор шуданаш муборак гуфта, қадами меҳмони навро фархундаву хушрӯз хондаанд.
Худи сароянда дар блогаш ба ҳамаи ҳаводорони ҳунараш муроҷиати видеоӣ карда ба кулли табриккунандагон изҳори сипос намудааст. “Салом дӯстони азиз, ҳамватанони гиромӣ! Аз ҳар яки шумо барои табрикоти самимӣ, қадрдонӣ ва суханҳои некатон минатдорам. Бигзор Худо шуморо низ ба чунин рӯзҳои хурсандӣ расонад. Аз ман сад маротиба зиёдтар хурсанд кунад. Бигзор тамоми фарзандони дунё ҳамеша солиму хушбахт бошанд. Дар тамоми дунё тенҷию оромӣ бошад, фарзандон бигзор зиндагии хушбахтона бинанд. Ҳазор раҳмат, ки дар рӯзи хурсандӣ бо ман шарик шудед, ба ман таманниёти зиёд кардед. Назди ҳамаи шумо барои суханҳоятон сари таъзим фуруд меорам”-мегӯяд Ҷонибек дар муроҷиати видеоияш.
Ҷонибек Муродов, фарзанди Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Ҷурабек Муродов буда, аз ҳамсари аввалаш соҳиби як писар ва аз ҳамсари дуюмаш соҳиби як духтарча бо номи Амина аст, ки дар васфаш суруд хонда, чӣ тавр интизориҳову орузҳоиву ниятҳояшро дар суруд зам-зама кардааст. Акнун Ҷонибек соҳиби боз як шоҳписар гашт.
Мо Ҷонибеки Муродро аз номи аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ сидқан муборакбод гуфта, дуо мекунем, ки роҳати фарзандонашро бубинад ва ин тифли накӯпай бошад аз даргоҳи худованд ризқи фарозу умри дароз таманно дорем ва орзуманди онем, ки мисли бобову падари номдораш номбардори миллати тоҷик гардад.