Дар Малайзия ҷомаи нодир аз Суғд, ки таърихи 1311-сола дорад, нигоҳ дошта мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин бора зимни баргузории Конгресси VI байналмилалии Ҷамъияти ҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва оммавигардонии мероси фарҳангии Узбекистон, ки 23 июли соли равон дар Самарқанд баргузор шуд, маълум гардид.
Дар бораи ин ҷомаи нодир сармутахассиси Осорхонаи санъати исломии Малайзия Ҳеба Наел Баракат иттилоъ дод.Ин ягона ҷомаи суғдӣ дар ҷаҳон аст, ба монанди он дигар боқӣ намондааст. Дар остини ҷома нақши аспҳои болдор бо дарахти ҳаёт дар зери сумҳояшон тасвир шудааст.