Маҳсулоти лозима:
300 г картошка, 200 г сабзӣ, 250 г бодиринги очонидашуда, 300 г гӯшти мурғ, 250 г нахӯди сабз, 6 дона тухм, намак, мурч, майонез, 1 бандча пиёзи сабз.
Тарзи таҳия:
Пеш аз омода намудани хӯриш сабзавоту гӯшти мурғро дар об пазеду хунук кунонед. Картошкаро пӯст карда, чоркунҷа реза кунед. Маҳсулоти резашударо ба даруни зарфи чуқур андозед.Сабзиро пӯст карда, чоркунҷа реза карда, ба картошкаи реза илова кунед.Тухми мурғро низ реза карда, ба маҳсулоти резашуда илова кунед.Нахӯди сабзи очонидашударо бо бодиринги очонидашудаи реза илова карда, намаку мурч пошед ва майонез андохта, хӯришро нағзакак аралаш кунед.
Ба шумо итиҳои том!