sebiston july new
Қолинро чӣ гуна бояд шуст, то паташ нашинад?
1203

 

Қолин як қисми ороишии муҳити хона мебошад. Он фазои хонаро зебо ва диққатҷалбкунанда мегардонад. Инчунин, қолин маснуоти бофандагии бадеист, ки одатан нақшу нигори гуногунранг дорад. Қолинҳои пур аз нақшу нигор на танҳо хонаву кошонаҳои сокинонро оро медиҳанд, балки бо доштани сифат ва зебоии хос диққати одамонро ҷалб мекунанд.

Ҳунари бофтани қолинҳои пур аз нақшу нигорро садсолаҳо пеш мардуми машриқзамин омӯхтаанд. Аз ҳамон замонҳо қолин аз туҳфаҳои асосӣ дар маросими арӯсии навхонадорон ба ҳисоб меравад ва ин анъана имрӯз ҳам вуҷуд дорад.

Қолини зеборо интихоб кардед, ба тозагияш низ диққат диҳед

Дар аввал чунин менамояд, ки тоза намудани қолин хеле осон аст, ҳатто кӯдак ҳам метавонад чангҳои қолинро бо чангкашак тоза намояд, аммо чунин нест. Тозагии қолин ҳам кошонаатонро зебо нишон медиҳад ҳам шуморо аз вирусу микробҳо ва бемориҳои гуногун наҷот медиҳад.

Қолини хонаро муддати зиёд тоза накунед, дар он микроорганизмҳои зараррасон, аз қабили канаҳои чангӣ, микробҳо, замбурӯғҳое, ки барангезандаи бемориҳои аллергияи зиддинафасӣ, зуком, бемориҳои пӯст ва ғайра ҳастанд, ҷамъ шуда, кулли аҳли хонаводаро ба беморӣ гирифтор карда метавонанд. Аз ин рӯ, соле 2-3 маротиба ҳатман қолинҳоро шуста тоза кардан лозим аст.

Усули аз ҳама оддии тоза намудани қолин бо чангкашак мебошад, аммо он тозагии қолинро сад дар сад таъмин карда наметавонад. Ҳар рӯз бо чангкашак чангашро гиред ҳам, дар қолин ҳамеша ба миқдори зиёд чирку чанг мемонад.

Пас, чӣ бояд кард?

Маъмултарин тарзи тоза кардани қолин намшӯ кардани он аст. Қолинро бо истифодаи чангкашак ё бо шоткаи палосшӯйи шустан лозим аст. Баъд аз анҷоми ин амал намуди қолин нав мешавад. Қолинро баъди намшӯӣ ба ҳавои гарми офтобӣ бароред, то ки хушк шавад, агар чунин накунед дар муддати хело кӯтоҳ микроорганизмҳои мухталиф дар қолин пайдо мешаванд ва намнок шуда, бӯйи бад мебарорад. Фаромӯш насозед, ки истифодаи моддаҳои химиявӣ барои тоза кардани қолин зарари манфӣ расонида, зебоияшро гум мекунад. Аз ин рӯ, таъсири маҳлули химиявиро барои тоза кардани қолин дар як пораи он санҷед, агар он безарар бошад, онро истифода баред, аммо фаромӯш накунед, ки баъди тоза намудани қолин бо маҳлули химиявӣ онро бояд бо оби тоза шӯед.

Як бартарии дигари намшӯӣ дар он аст, ки пати қолин менишинад ва намуди зоҳирияшро гум мекунад.

Баъд аз тоза кардани қолин бо тарзи дар боло гуфташуда чуткаи сахтро гирифта, қолинро баръакси хоби паташ шакед. Дар ин ҳолат паташ баланд шуда, чун қолини нав мешавад.

Қолинҳои зебо интихоб кунед ва ба кошонаатон зебоии дигар зам созед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД