Башорат Шовалиева ва Омина Шовалиева - хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб дар мусобиқи байналмилалӣ оид ба бокс комёбӣ ба даст оварда, зинаҳои аввалро соҳиб шуданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гашта, Башорат Шовалиева, ки хонандаи синфи 11-и Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб мебошад, сазовори ҷойи якум гаштааст.
Хонандаи дигари ҳамин мактаб Омина Шовалиева зинаи дуюмро ишғол карда, ҳарду Парчами Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ баланд бардоштанд.