Ба хонае, ки мо қадам гузоштем, бӯйи ғаму андӯҳ ба машомамон расид. Дар кунҷи хона чор маюби бенаво, ки яке аз пойи равон, дигаре аз забони гӯё маҳрум буда, дутои дигар модарзод ланг мебошанд.
Ин кӯдакони маъсум зиёд мехоҳанд, ки пойи равон дошта бошанду хизмати бобову бибии пирашонро ба ҷо ранд, аммо тақдир онҳоро аз пойи равон маҳрум намудааст. Ашки бобо ва гиряҳои ҷонгудози модар дили санги хороро об мегардонад. “Чаро фарзандони ҳама пойи равон ва забони гӯё доранду чор фарзанди ман аз ин неъмати ту бенасибанд” навҳа мекашад модари ҷигарсӯхта сӯи само. Як сӯ ғами дар бадари як сӯ ғами гушнагӣ ин модари хору залилро бармаҳал пир гардонидааст. Бобову бибӣ дигар мадоре надоранд, ки ин тифлакони маъсумро хӯронанд ва ё табобат намоянд. Барои гирифтани замин ва ё кумакпулӣ ба Ҳукумати ноҳия муроҷиат карда бошанд ҳам, вале касе ба имдодашон нарасид. Шуълаи умед дар қалбашон фурӯзон гашт ва ба барномаи “ Умеди охирин” муроҷиат намуданд. Биёеяд якҷоя аз дарди эшон бохабар мегардем.
НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ОИЛА КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД, БА РАҚАМҲОИ 985-43-68-37 ЗАНГ ЗАНАНД! Ё БА РАҚАМИ КОРТИ БОНКИ (ЭСХАТА) 5058270430002799 ХАЙРИЯИ ХУДРО ИРСОЛ НАМОЯНД!