Ҳотамбек Шокиров, охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Мастчоҳ дар синни 99-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора аз МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ ба расонаҳо хабар додаанд.
Ҳотамбек Шокиров соли 1926 дар деҳаи Роғ ба дунё омада, соли 1943 ба фронт даъват шудааст. Барои корнамоиҳояш дар майдони набард бар зидди адӯи гитлерӣ Ҳотамбек Шокиров бо ордени Ғалаба ва медалҳои “Барои озодии Чехословакия, Украина, Молдавия, Руминия ва Япония” мукофотонида шудааст.
Шокиров ветерани меҳнат буда, барои заҳматҳояш дар ин ҷода низ соҳиби медали “Барои меҳнати фидокорона” гашта буд.
Айни замон дар вилояти Суғд танҳо ду иштирокчии ҶБВ зинда мондаанд, ки ҳарду аз ноҳияи Деваштич мебошанд. Инҳо Бибола Рӯзиматови 100-сола аз деҳаи Ғуломони ҷамоати деҳоти Ғозантарак ва Нозим Носирови 99-сола аз деҳаи Навоҳои ҷамоати деҳоти Далёни Боло мебошанд.