Ирода-хола солҳои охир ба бемории равонӣ гирифтор шуда буд. Гоҳ ба худ буду гоҳ бехуд. Ба хонаи писари калони меҳмонӣ омад. Келинаш ӯро рӯйи хуш надода, қошу қавоқ андохт.
Ирода-хола нигоҳҳои сарди келинашро эҳсос карда, хеле зиқ шуд. Дигар хӯрок аз гулӯяш намегузашт. Ашки чашмонаш шашқатор, ба духтари калониаш занг зад:
- Салом духтарҷон, хубӣ?
- Салом очаҷон, ҳозир кӯдакамро хобонам, занг мезанам,- духтараш таққӣ гӯширо партофт.
Ирода-хола боз ҳам дилаш буғз карда, ба духтари хурдиаш занг зад:
- Нӯшин, духтарҷон, чӣ ҳол дорӣ?
- Ассалом очаҷон, ман ҳоло хобам, ин ҷо соат 5-и субҳ, баъд гап мезанем,- гуфту гӯширо кушт.
Духтари хурдиаш бо шавҳараш дар Канада иқомат мекард.
Модар ин сонияҳо мехост, ки бо яке аз фарзандонаш суҳбат карда, зиқии дилашро барорад. Ӯ гирён ба писараш, ки ин вақт дар коргоҳ буд, занг зад:
- Бачаҷон, имрӯз барвақт биё, шинем якҷоя.
- Оча..., ман дар кор,- ӯ ҳам гӯширо партофт.
Келинаш бошад, худро ба нодонӣ зада, машғули тамошои филми туркӣ буд.
Ирода-хола ба ҳуҷраи хоб даромаду зор-зор гирист аз танҳоӣ ва бепарвоии фарзандонаш.
Шавҳари Ирода 12 сол пештар ба садама дучор шуда, вафот карда буд. Аммо ӯ дигар ба шавҳар набаромада, бо пули фаррошӣ фарзандонашро калон карда, хононд. Ҳарсе фарзандонаш соҳиби хонаи ободу маълумоти олӣ буданд.
Ӯ акси шавҳари раҳматиашро гирифта, гирён худ ба худ гап зад. Якбора ин лаҳза бемориаш хуруҷ карду тирезаро калон кушод. Аз дил гузаронд: “Ман ба касе лозим нестам, як одами бемори зиёдатӣ. Бимирам, кӯдаконам халос мешаванд”.
Ӯ ба чунин фикрҳо андармон, ба ҳар се нафар фарзандонаш чунин паёмак фиристод: “Ман танҳо эҳтиёҷ ба як сухани хуши шумо доштам. Акнун халос мешавед. Дидор дар қиёмат. Дарди сарро набинед”.
Паёмакро фиристоду якбора худро аз тиреза поин афканд. Келинаш садои баланди даҳшатноки хушдоманашро фаҳмида, осемасар давид. Аммо дареғ, дер шуда буд. Ирода-хола афтодан замон бо дили армонӣ ҷон дод.
Вақте ин паёмак ба фарзандонаш расид, алакай модарро дигар ёфта наметавонистанд.
Дареғ, мо инсонҳо хеле дер, оре, хеле дер ба қадри одамони наздик мерасем. Заволи баъди неъмат дигар фоидае надорад. Падару модар, фарзанди падар ба як сухани хуб чиқадар эҳтиёҷ доранд. Вале, афсӯс, дер мерасем ба қадри онҳо.
Азизон, аз ин қисса ибрат бигиред, ба қадри азизон бирасед, вагарна дер мешавад, дер.
Шаҳлои НАҶМИДДИН