sebiston july new
Охир, ба дастӣ малахак
2559

Раёсати корҳои дохилии пойтахт хабар додааст, ки шаби 31-уми май ронандаи шахсияташ номаълум фаррошзан Саъдуллоева Холбӣ Маҳмадаминовнаро, ки соли таваллудаш 1986 буда, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут аст, ҳангоми кор кардан дар канори роҳ дар кӯчаи Н. Қарабоев пахш карда, аз ҷойи ҳодиса гурехтааст.

Баъди ба дасти кормандони милдитсияи пойтахт расидани хабар онҳо корҳои ҷустуҷӯӣ гузаронида, шахсияти ронандаро муайян намуданд ва автомашинаашро ба БДА - и шаҳри Душанбе дастрас намуданд. Баъди ҷустуҷуҳо муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Опел – Астра, рақами қайди давлатиаш 7222 СМ 01, ки ба шаҳрванд Алиев Сангмаҳмад Валиевич соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут дахл дорад, шаби 31-уми май, тақрибан соати 03:10 дақиқа ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Н. Қарабоев ҷавонзани роҳрӯбро пахш намуда, дарав аз ҷойи ҳодиса гурехтааст. Айни ҳол, Саъдуллоева Холбии ҷабрдида дар хонааш идомаи табобат мегирад. Духтурон баъди ташхис ӯро ба хонааш ҷавоб додаанд.
Парвандаи ронанда дар тафтишот қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД