Солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон (1939-1945) ҳукуматдорони Англия пас аз муҳорибаҳо барои дақиқ кардани шумораи сарбозони кушташуда рӯи парчам теъдоди онҳоро сабт менамуданд.
Ба ҳамин минвол муддати мадиде гузашт ва оқибат рӯзе фаро расид, ки касе дар ҷанг ҳалок нашуд. Аз ин рӯ, онҳо рӯи парчам калимаи «OK» (окей)-ро навиштанд.
Аз ҳамон рӯз минбаъд ҳар вақте ки коре бомуваффақият анҷом меёфт, аз калимаи «OK» истифода мебурданд ва он ба маънои хушиву комёбӣ оҳиста-оҳиста дар саросари олам маъмул гардид.