Дар Бразилия оилаи ғайриоддие умр ба сар мебаранд, ки 14 нафарашон дар дасту пойҳои худ 12-ангуштӣ доранд.
Дар ин оила, ки ҳамагӣ аз 23 нафар иборатанд, бо шаш ангушт тавлид ёфтан ба ҳукми анъана даромадааст.
Полидактилия - яке аз бемориҳои ирсии паҳншуда аст, ки ангуштони иловагии инсон ҳаракат намекунанд. Вале гап сари он аст, ки ангуштони иловагии ин оилаи булаҷаб ҳамааш кор мекунанд ва чунин ҳолат дар илми тиб хеле нодир ба шумор меравад.
Оилаи Да Силва шашангушта будани худро камбудӣ намешуморанд, балки аз ин фарқияти худ ифтихор доранд.