Фёдор Василев (1707-1782), як деҳқон аз шаҳри Шуяи Русия буд, ки ду маротиба оиладор шуда, 75 сол умр дидааст. Ҳамсари якуми ӯ хонум Валентина Василева ба он хотир ба Китоби рекордҳои “Гиннес” дохил шудааст, ки дар умум 69 фарзанд: 16 дугоник, 7 сегоник ва 4 чоргоник таваллуд кардааст.
Вақте марди деҳқон бори дувум оиладор шуд, ҳамсари дувумаш Анна Василева низ дар умум 18 фарзанд: 6 дугоник ва 2 сегоник ба дунё овард. Ҳамин тавр, Фёдор Василев дар умум соҳиби 87 фарзанд буд, аммо 5 фарзанди ӯ дар хурдсолӣ вафот карда, 82 фарзанди дигараш зинда мондаанд.
Тасаввур кунед, агар 82 фарзанди зиндамондаи Фёдор оиладор шуда, ҳар кадоме ба ҳисоби миёна соҳиби 2 фарзанд шуда бошанду боз ҳар кадоме аз фарзандони онҳо ба ҳисоби миёна 2 фарзандии дигар таваллуд карда бошанд, аз он замон то ҳол насли Фёдор то ба 70 ҳазор нафар расидааст.