Соли 2020 барои тамоми сокинони сайёра соли ниҳоят душвор буд, вале сомонаи Оила тавонист бо воситаи лоиҳаи “Умеди охирин” дар давраи душвори пандемия ҳамагӣ дар муддати 3 моҳ 6 оилаи дар кӯча мондаро соҳиби хонаҳои нави замонавӣ гардонида, ҳамзамон 5 маъюбро бо арбачаи маъюбӣ таъмин намояд.
“Умеди охирин” лоиҳаи хайриявӣ буда, ҳадафи асосиаш дасти мадад дароз намудан ба маъюбон, беморон, бенавоён ва дигар афроди дар чорсӯйи зиндагӣ танҳову зор монда мебошад. Сомонаи Оила. ТЧ дар соли 2021 тамоми соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони хайрхоҳро ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Биёед даст ба дасти ҳамдигар дода, дар ин кори хайр саҳми худро мегузорем!