Дар тасаввури мо ҳама вақт ҷангу ҷидол дар оила ҷониби манфиашро ба назар мегирем. Вале тибқи маслиҳати равоншиносон баҳсу мунозира бо ҳамсар равиши таббии зиндагии якҷоя аст ва онро бояд ба манфиат истифода намуд.
Аз нигоҳи равоншиносӣ, яке аз ҷонибҳо, ки ба ҳадди ниҳоии ҷаҳл мерасад ва имкони бо дигар роҳ иброз намудани андешаи худро надорад, ҷангро ба роҳ меандозад. Дар баъзе ҳолатҳо ин роҳ оқибати “ширин” дошта, нишонаи меҳру муҳаббат ба ҳамдигар ва нисбат ба зиндагии якҷоя беаҳмият набуданро нишон медиҳад.
Ҳарчанд ин ақидаҳои равоншиносон аҷиб ҳам намояд, вале ҷангу ҷидол (дар баъзе ҳолатҳо ҷанг ҷудоиро ба миён меорад) ғайр аз муносибати манфӣ доштанаш баъзан мақсадҳои мусбат низ дорад. Баҳсу мунозира бо ҳамсар дар доираи чаҳорчӯба буданаш муҳим аст ва дар он набояд муҳобот карда шавад.
Ҳангоми муноқиша ҷонибҳо бояд эҳтироми худро нигоҳ дошта, набояд ба иззати нафси ҳамдигар расанд. Инчунин, онҳо бояд тартиби гуфтугузорро риоя намоянд. Гӯш кардани тарафи муқобил ниҳоят муҳим аст. Дар вақти баҳсу мунозира гапҳои амиқи ҷониби муқобилро ба хубӣ гӯш намуда, дар зиндагии оянда ислоҳ намудан шарти асосист. Ин барои беҳтар намудани вазъияти руҳии хонавода низ таъсир мерасонад.
Зану шавҳар дар ҳолати баҳс ҳарфи худро ба пуррагӣ бояд гӯянд ва нагузоранд, ки ҳарфҳои асабикунандаи даруни дилашон ҳамин гуна истанд. Алабатта, кас то ҳадди ниҳоии асабоният нарасад, корро то ба ҷангу ҷидол намекашад, вале дар ҷанг низ чаҳорчубаро нигоҳ дошта, аз меъёр нагузаштан лозим аст. Зеро баъзан гапе, гуфта мешавад, ки дар вақти асабоният тарафҳо намефаҳманд, вале дар ҳолати оромӣ боиси сархамию шармсорӣ мегардад.
Новобаста аз ҷинсу сину сол набояд тарафҳо ба ҳамдигар озори ҷисмонӣ расонанд. Ин амал маърифат ва қадру қимматро дар назди ҳамдигар паст менамояд.
Ҳангоми муноқиша ба як чиз аҳамият диҳед. Бо ин кор ҷонибҳо аз ҳамдигар чӣ мехоҳанд? Натиҷаи ҷанг онҳоро хушбахт менамояд ва ё гуфтаҳояшон боисии сарсонии ҳам мешаванд. Баъди чунин андеша шумо аниқ медонед, ки аз тарафи муқобил чӣ мехоҳед ва кадом ақидаи худро пешниҳод карданиед.
Аз идора: Шумо ҳам аз таҷрибаҳои худ нависед, ки дар ҳолати муноқишаи оилавӣ чӣ бояд кард?