Дар сари дастархон гӯё бомба таркида бошад, амаки Самар табақи ошро ба як сӯ ҳаво медоду чойники чойро ба як сӯ. Мӯйсафед бо овози баланд занашро ҳақорат медод, ки чунин писари ношудро тарбия кардааст.
Назаралӣ дид, ки падараш ӯро бо ин роҳ тарсонданӣ аст, аз падар дида баландтар дод зад:
- Ота, ман аз хона баромада меравам, вале Райҳонро намегирам!
- Майлаш аз хона баромада рав, туро оқ ва очаатро талоқ мекунам, агар маро бо додари ягонаам душман мекунӣ ва баъд сарамро гирифта аз ин мулк баромада меравам, агар Мавзунаат бароят аз волидайну хешу табор азиз бошад, марҳамат,- гуфт ин дафъа хастаҳолона амаки Самар.
Назаралӣ ин хел ранг гирифтани корро интизор набуд, ба модари ҳаросонаш нигариста, чизе нагуфту ба хона даромад...
Он шаб моргазидаро хоб мебурду Назаралиро не, субҳи дигар волидонаш барои бурдани сарупои арӯс тайёрӣ медиданду ӯ бошад, Душанбе назди Мавзунааш рафт ва ҳақиқати ҳолро ба ӯ нақл намуд. Мавзуна бо ашки шашқатор сарашро ба сандуқи синаи азизи дилаш монда, базӯр пиччирос зад:
- Назарҷон, майлаш, бигузор ман аз дарди ҷудоии ту бимирам, лекин волидонатро хафа накун, охир занро ҳар вақт хоҳӣ меёбӣ, аммо падару модарро не…
Амаки Самару холаи Зулайхо тӯйи бошукӯҳе ороста, келини дилхостаашонро ба хона оварданд. Назаралӣ ба Райҳони кулулаи фарбеҳак ягон дилбастагӣ надошт, вале маҷбур бо ӯ зиндагӣ мекард. Бо гузашти чанд моҳ Райҳон, ки вазифаи асосиашро дар кору бори хона ва хизмати амаку янгааш медонист, ҳомила шуд. Назаралӣ ин хабарро низ бо як бепарвоӣ қабул кард ва пас аз гузаштани муҳлати муайян Райҳон духтарча таваллуд кард. Бибию бобои пурумед ба духтар Раҳима ном монданд, вале шодии онҳо дер давом накард, зеро Раҳимаи гирёнчаки инҷиқ нобино будааст. Пас аз ками дигар калонакак шуданаш маълум шуд, ки духтарча нуқсони ақлӣ низ доштааст. Дили Назаралӣ аз дидани кӯдаки бемораш хун мешуд ва ӯро ба тамоми табибону духтурони номдор нишон дод, ҳама як гап мегуфтанд, наздикии хун ва зарари никоҳи хешутаборӣ!
Назаралӣ ба хотири боз тавлид нашудани кӯдакони бемор аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки аз ҳомила шудан пешгирӣ кунад, аммо ин ҳам волидайни ҷоҳилро сабақ нашуд ва онҳо писарашонро ҷанг карданд.
- Ту ва духтурони ту аз назди Худо наомадаед, ки чӣ гуна таваллуд шудани фарзандҳои минбаъдаатонро донед!,- мегуфт холаи Зулайхо ва бо ташвиқоти хушдоман Райҳон боз ду тифли дигар ба дунё овард.
Акмалиддин кару гунг ва Аҳмадалӣ шалу ноқисулақл ба дунё омаданд. Мӯйсафеди Самару кампири Зулайхо охири умрашон бо якдигар ҷангӣ оламро падруд гуфтанд. Кампир бо мӯйсафедаш моҷаро намуда, ӯро таъна мекард, мӯйсафед бошад, кампирашро беимони худонотарс мехонд…
Ҳамин тавр бо касофати гаҳворабахш як оила бадбахт ва се тифлак маъюб ба дунё омаданд. Назаралӣ чун як марди баномус фарзандони маъюбашро хуб нигоҳубин мекунад, Райҳон бошад, асабию ҷангара шудааст. Албатта ҳама кор бо амри Худованди мутаол сурат мегирад, вале он ломакон ба мо инсонҳо ақли созанда додааст, то бадро аз нек ва зарарро аз фоида фарқ карда тавонем.
Нисо ХОЛИД