Оқибати гаҳворабахш (ҚИСМИ 1)
853

Назаралӣ байни чор духтар писари ягонаи амаки Самар ва умеду ормони падару модар буд. Волидайн духтарони зебои худро дӯст доранд ҳам, аммо ягона умедашон ба меросхӯрашон буд.

Назаралӣ низ аз ин муҳаббати падару модар ва апаҳои меҳрубонаш асло эрка нашуда, баръакс дар мактаб хубу аъло мехонду бар замми ин дар хона ба ҳама кору бори аҳли хонавода ёрӣ мерасонд.

Пас аз хатми мактаб Назаралӣ бо дониши худ бе ёрии ягон тағою амак ба факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ шомил шуд, ҷавони закию ба ҳуш ба устодон низ писанд буду духтаракони ҳамсабақаш дуздӣ-дуздӣ ба ин ҷавонмарди болобаланди зебо менигаристанд. Нозияи шӯху бало бошад, бепарда бо чашмони хумораш рост ба чашмони сиёҳи Назаралӣ нигариста, мегуфт:

- Назарҷон, Худо медонад насибаи кадом қишлоқии фисин шуда, ҳайф мешавӣ?!

Аз ин эродҳои олуда ба ҳасади Нозия ҳамсабақони деҳотияш хафа шуда, аз ҳар кунҷ овоз баланд мекарданд:

- Барои ҳайф нашуданаш ба пояш занҷир карда ба пои худат банд... Намурдӣ аку ту зодаи Париж… Мо қишлоқиҳо ҳамин Назарро ба ту бахшидем, маликаи рӯи замин… ва ғайра.

Назар ба ин шӯхиҳои ҳамсабақонаш механдиду халос, зеро…

Амаки Самару холаи Зулайхо пеш аз он ки нури чашмашонро ба шаҳри ба қавли худашон «хонаи занбӯр» равон кунанд, ба гӯши ӯ чун қурғошим рехта буданд, ки ӯ гаҳворабахш дорад.

- Бачаҷон, ту сесола будӣ, ки духтари амакат Райҳон ба дунё омад, ман чун анъанаи қадимаи мардуми мо ҷорӯберо гирифта, остонаи амакатро рӯфтан гирифтам, ин маънои онро дошт, ки Райҳонро барои ту хостгорӣ кардам. Бо ҳамин амакату занаш розӣ шуданду шумо гаҳворабахш. Дар шаҳр духтарони бешарму ҳаё зиёданд, боз туро аз роҳ назананду мо шарманда шавем,- гуфта буд модараш.

Назаралӣ аз ин ҳароси модараш хандааш гирифту шӯхиомез гуфт:

- Очаҷон, акнун ҳама духтарони шаҳрӣ саф кашида, маътали ман наистодаанд, баъд ин ки Райҳон хоҳари ман аст, ман чӣ хел ба ӯ хонадор мешавам?

- Ин гапро дигар ба забон наёр, ки падарат оқат мекунад, роҳи сафед, хонда баргард ва Райҳонро келин карда ба хона меорем!

Райҳон умуман ба Назар маъқул набошад ҳам, ҷавон ба умеди “волидонамро баъд мефаҳмонам” ба шаҳр рафт. Назар мисли дигар ҷавонон ба духтарони зебо суханони лутфомез мегуфт, вале ишқ танҳо дар курси дувум хонданаш ба дарҳои дилаш ангушт зад.

Арафаи Наврӯзи оламафрӯз буду Назаралӣ мисли дигар донишҷӯён роҳ гирифт ба сӯи деҳа, то даме дур аз ғавғою шару шӯр бо баҳори нозанин ҳамдам гардад. Дар мошини кироя паҳлуи ӯ духтараки зебое менишаст, ки ҳуснаш чун оҳанрабо Назаралиро сӯи худ мекашид ва дили ҷавон ширин-ширин метапид. Чун мошин ба роҳ даромаду ҳама мусофирон ба суҳбатҳои худ машғул гардиданд, ҷавон оҳиста аз духтар номашро пурсид.

- Мавзуна...,- бо табассуми шармгинона ҷавоб дод духтарак.

Тӯли чор соати роҳ байни ноҳияи онҳо ва пойтахт ду ҷавон ба ҳам унс гирифтанд. Мавзуна духтараки ниҳоят соҳибҷамолу хушсимо аз деҳаи ҳамсоя буда, дар донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекардааст.

Ин шиносоии ду ҷавон ба муҳаббати бузурге табдил ёфт. Назаралӣ донишгоҳро хатм намуда, бо роҳхати донишгоҳ ба ноҳияашон ба кор омад. Мавзуна дар соли охири донишгоҳ мехонд.

Назаралӣ ба кор даромаду волидайн аз ӯ напурсида, тараддуди тӯйро медиданд. Ҷавон ин ташвишҳои волидонашро дида, як шом дар сари дастурхон ба онҳо рози дил кушод ва гуфт, ки Мавзуна ном духтарро аз деҳаи ҳамсоя дӯст медорад.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД