Баъзе одамон ба ҷоду ва ҷодугарӣ бовар надоранд, вале мегӯянд, ки дар вақташ ҳатто паёмбарамон Ҳазрати Муҳаммадро(С.С) низ ҷоду карда буданд. Корҳои ман вақтҳои охир пешрав нестанд, саломатиам ҳам рӯз то рӯз бад шуда истодааст. Ба духтур рафтам, аммо баъди ташхис табибон гуфтанд, ки ягон узви баданам иллат надорад. Модарам дар ҷустуҷӯи ҷодубарор дар ба дар мегардад, аммо ман намехоҳам аз хизмати фолбин ва ҷодугарҳо истифода барам, чунки ин кор гуноҳи азим аст. Донистан мехоҳам, ки оё аз нигоҳи шариат ягон роҳи дигари баровардани ҷоду вуҷуд дорад ё не?
Фархунда, н. Рӯдаки
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Хоҳари азиз! Ҳаргиз ба назди ҷодугарон наравед, чунки аз нигоҳи дини мубини ислом эътиқод кардан ба фолбин ва ҷодугарон гуноҳи азим аст. Шумо метавонед бо кӯмаки сураҳои китоби муқаддаси Қуръон худро аз ҷоду пок созед. Барои муолиҷаи шахси ҷодушуда сураҳои зайл хонда мешавад: Сураи “Фотиҳа”, “Оятул-Курсӣ”, сураҳои “Ёсин”, “Ториқ”, “Шарҳ”, “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”. Инчунин, бо сидқу ихлоси комил нўшидани оби Замзам сабаби раҳоӣ аз ҳар навъ сеҳру ҷоду аст.
Ҷодуро чи хел мебароранд?