Аксари ҷавонон шомгоҳон дар кӯчаву хиёбонҳо сайру гашт намуданро дӯст медоранд, вале шабгардӣ метавонад ба сари кас балову офатҳои зиёде оварад.
Фоҷие, ки дар кӯчаи Маяквскии пойтахт сар зад, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти ду ҷавони 22 ва 25-сола бо гумони расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии шахси дигар хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, тахминан соатҳои 21.30-и шаб байни ин ду ҷавон ва як ҷавони 25-сола дар боғи Мироненкои пойтахт мунозира ба миён омада, баъдан моҷарои лафзӣ ба занозанӣ табдил ёфтааст. Гуфта мешавад, ки боздоштшудагон рақибашонро мурданивор лату кӯб кардаанд ва ҷавон аз зарбаҳои пай дар пайи эшон ба замин афтидааст.
Мутаассифона, ҷабрдида дар роҳ ба сӯйи бемористон ҷон дод. Тафтишоти ин қазияи хунин аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.