Абулфазл Собир Моҳтарӣ аз Эрон қобилияти ба ҷисмаш ҷалб намудани ашёҳои оҳанинро аз хурдӣ дар худ кашф ва машқ кардааст.
Моҳтарӣ мегӯяд, ки дар ҷисми худ ҳама гуна ашёро нигоҳ дошта метавонад.
- Ман дар ҷисми худ пластик, шиша, мева, санг, чӯби дарахт ва ҳатто инсони калонсолро мисли оҳанрабо нигоҳ дошта метавонам,- гуфтааст марди рекордсмен.
Одам - оҳанрабои эронӣ қаблан рекорди худро аз қошуқҳо сар карда, соли 2021 дар баданаш 85 қошуқро нигоҳ доштааст. Моҳи декабри соли 2023 Абулфазл дар назди худ мақсад гузошт ва шумораи қошуқҳои ба баданаш часпидаро ба 88 адад расонид.