Профессори бодича
Аз рӯзе, ки худро мешинохтам, модарам аз падарам мурданивор метарсид, овозаш барояд мисли бод аз ҷояш парида мехесту то хобидани ӯ дар атрофаш парвона буд, вале боз шаттаю шаллоқ мехӯрд ва номаш ҳамеша «эй, зани гов» буд. Падарам дар як деҳаи куҳистон ба воя расида, баъд ба пойтахт омада, илм омӯхта, профессор шуда буд, вале «олим шудан осон одам шудан мушкил» гуфтагӣ барин, аз забонаш ҳамеша дашному ҳақорату бадгӯӣ мерехт. Ман профессорам гуфта он қадар ифтихор мекард, ки гӯё шоҳаншоҳи олам бошад. Модарамро ҳамеша паст зада озор медод, ману бародарам низ аз суханҳои қабеҳи падар бенасиб набудем. Ҷаллодии падарам моро аз ӯ дилсард намуда буд, вале модарам ҳеҷ гоҳ намегузошт, ки дар бораи падарам гапи зиште гӯем. Дар умрамон аз падар меҳрубонӣ надида бошем ҳам, эҳтиромашро ба ҷо меовардем, зеро модарам моро чунин тарбият намуда буд.
Бемории бедаво
Хонаамон ҳамеша пури донишҷӯёни деҳотӣ буд ва модараму зани амакам (бояд бигӯям, ки амакам низ донишманди хуб аст, вале чун падарам бодичаю ҷоҳил набуда, баръакс ҷонашро фидои фарзандонаш мекунад) баъзан хӯроки серӣ намеёфтанд, ки хӯранд. Нав соҳиби хонаву дар шуда будем, ки модари берӯзиям ба дарди бедавое гирифтор гашт. Он ҳама лату кӯб, бадзабонӣ ва зиндагии заҳрогини бо падарам гузаронида беасар намонда, модарҷонакам дар сини чилсолагӣ ба бемории дил гирифтор шуд. Дар урфият мегӯянд, ки каҷ бишину сухани рост бигӯй, падарам барои шифои модарам корҳои зиёде кард, вале талошҳояш беҳуда буданд. Модарам дар синни чилупанҷсолагӣ ин даҳри дударро бо сад орзую армон тарк гуфт. Раҳматӣ на тӯйи писарро диду на аз духтарро…
Хешу табор сари ҷасади сарду хомӯши модари зебоям хун мегиристанд, зеро зане буд фариштахисолу биҳиштӣ.
Бар рағми қисмат
Пас аз марги модар дилам аз ҳама дунё монд, вале сари зиндаро дар хок бурда намешудааст. Мани ҷигарсӯхта бар рағми қисмати номард миёнамро баста аз ҷоям бархостам. Ягона дилгармиам модарам буд, вале аҷал ин ганҷи бебаҳоро аз ман рабуд. Дигар касею чизе маро дар ин хонаву ин сарзамин нигоҳ дошта наметавонист. Барои фаромӯш кардани дарду аламҳоям рӯ ба ғурбат оварда ба Лондон рафтам. Дар ҳамон ҷо бо кори илмӣ машғул шуда, рисолаи номзадиамро бо муваффақият дифоъ намудам ва дар як ширкати бонуфуз ба кор даромадам. Гумон мекардам, ки дар Ватан дигар маро касе интизор нест, аз ин рӯ пас аз чанд сол танҳо як маротиба ба хона омадаму бо маслиҳати амаки меҳрубонам акаамро зан додам, то келин хизмати падарамро карда гардад. Янгаам духтараки хубу дидадарое буд ва ҳама инҷиқиҳои падарамро мебардошт. Хонаамон акнун соҳибашро ёфт гӯён, пас аз як ҳафтаи тӯй дубора ба Лондон баргаштам, аммо…
Ишқи пирӣ
Падари профессори ман дар синни 60 солагӣ ба пирдухтари 40- солае ошиқ мешавад. Мо ба зан гирифтани падарам зид набудем, зеро аз марги модарам аллакай се сол гузашта буд. Ба ғайр аз ҳавлиамон падарам боз ду хонаи дуҳуҷрагӣ ва ҳавличаи озодае низ дошт ва мо розӣ шудем, ки дар яке аз ҳамон хонаҳо зан бигирад. Ман дигар ба Ватан баргаштанӣ набудам ва бароям ягон зарра фарқ надошт, ки падарам киро мегирад, вале амакаму додарам мехостанд, ки ӯ на пирдухтар, балки ягон зани шавҳардидаи ҳамсинну солашро бигирад, то дар дами пирӣ ба қадраш бирасад. Хешу табор ва ёру ошноҳояш дар ин бора чандин маротиба ба ӯ гуфта бошанд ҳам, пирию хартозӣ гуфтагӣ барин, падарам ҳамон маҳбубаашро ба занӣ гирифт. Албатта барои ман аламовар буд, ки ба ҷойи модарам ким-кӣ ба хонаи мо омада зиндагӣ мекунад, вале худро ором мекардам, зеро тақдирро тадбир набуд.
Домоди мӯйсафед
Падарам ба хотири гапи арӯсаш дар синни шастсолагї домод шуда дар тарабхона тӯй кардааст. Бечора модари берӯзии ман метарсид, ки дар кӯча дар паҳлӯи шавҳари профессораш қадам занад, вале ким-кадом пирдухтар ӯро маҷбур кардааст, ки дар мӯйсафедӣ ҷомаи домодӣ пӯшида, худро шаҳбача созад! Аз шунидани ин хабар қариб як моҳ ба худ омада натавонистам. Шабе модари раҳматиам ба хобам даромад, баъди маргаш низ руҳаш шавҳари носипосашро пуштибонӣ намуда, маро ба муросо кардан бо падарам талқин менамуд.
Шартҳои пирдухтар
Пас аз ду моҳи зиндагӣ арӯси падарам шарт мондааст, ки хонаи акаамро ҷудо кунанд. Катагиро бинанд! Пирдухтари умре дар орзуи шавҳар хонаи бо хуни дил обод намудаи модари бечораи маро соҳиб шуда, акаамро аз он ҷо баровард. Хайрият, ки хешу табор ва махсусан амаку янгаам ба байн даромада падарамро маҷбур кардаанд, ки ба писару келинаш як хонаи дуҳуҷрагиашро ҳуҷҷат карда диҳад, вагарна бечораҳо дар кӯча мемонданд.
Ғуломи зан
Имрӯз аз зангирии падарам панҷ сол гузашта, зани наваш профессори мағрури моро батамом ғулом карда гирифтааст. Ин марди шасту панҷсолаи ба мӯяш сафедӣ дамида, дигар на додарро суроғ мекунаду на духтару писарро, занаш ба вай писар ҳадя намудаасту фарзанди дами пириҳо ҷойи ҳамаи моро гирифтааст. Бухлу рашк надорам, зеро ман чанд сол боз дар Аврупо зиндагӣ мекунам ва хулқам низ ба аврупоиҳо монанд шудааст, вале дилам ба ёди хонаи аёми кӯдакиҳо ва модари азизи сиёҳпичаам гум мезанад. Зани бародарам ба ман хабар дод, ки дадаам ҳавличаро вайрон карда, барои ҳамсараш хонаи сеошёнаи барҳаво сохта истодааст. Инро шунида шаб то рӯз гиря кардам, зеро модари ман бемор буду бемадор ва либос шӯста наметавонисту ҳамеша аз падарам хоҳиш мекард, ки барояш мошини либосшӯӣ харад, вале падарам «пул нест» гӯён, хоҳишашро рад мекард. Ману бародарам як соли дароз аз маошамон сарфа карда, орзуи модарамро амалӣ намудем, вале очаҷонам бо ин мошин як бор ҳам либос нашӯст. Имрӯз бошад, падарам барои зани наваш тамоми шароитро муҳайё карда истодааст. Модари ман ба ӯ ду фарзанди нозанин ҳадя карда, бист сол хизматашро намуда як гапи хушро сазовор нагашт, аммо зани наваш ӯро ғулом карда гирифтааст ва падари профессори ман бо садои доираи ӯ мерақсад.
Аз минбари «Оила» ба падарам муроҷиат карда гуфтаниям:
-Очаҷонамро ту куштӣ, падар! Вақте имрӯз бо садои ҳамсари нават бале мегӯӣ, симои зебои ӯ пеши назарат ҷилвагар намешавад?! Модарам аз ҷабри ту мурда бошад ҳам, то ҳол туро дӯст медорад, зеро арвоҳаш низ пуштибони ту аст, мабодо дар бораи ту фикри бад кунам, дарҳол ба хобам даромада маломатам мекунад. Намедонам модари фариштаи ман бо он бузургӣ туро барои кадом хубиат дӯст медошта бошад, вале ман ҳаволаатро ба Худо месупорам. Дониста бош, ки дур аз Ватан бошам ҳам, ман аз ҳолу аҳволи ту ва аслу насаби зани «нестандарҷаҳонат» огоҳам. Аз дӯстони Тоҷикистониям тариқи интернет аз кадом авлод будани зани наватро пурсон шудам. Гуфтанд, ки онҳо шаш духтаранд ва ҳеҷ кадомашон бо хешу табори шавҳар муносибати нек надоранд. Метарсам, ки ишқи пирӣ оқибат туро дар ҷудоӣ мекушад падар!