arzon replenishment
ОБХЕЗӢ ДАР ХАТЛОН 7 КАСРО КУШТУ САДҲО ХОНАРО ВАЙРОН КАРД
2100

Ҳаво гӯё мотам гирифта бошад якмаром об аз дида меборид. Селборон чунон пуршиддат мерехт, ки хаёл мекардӣ фариштаҳои само бар аҳли курраи Замин ғазаб карда, аз осмон бар сари насли одамизод кӯза-кӯза об рехта истодаанд. Дар бадали чанд лаҳза дунё гӯё зеру забар шуда, дашту даман, кӯҳу дара, замину замон зери об монд...

Сел ба мисли аждар фашшосзанон ба пеш метохту ҳар чи дар сари роҳаш бошад, шуста мебурд. Кишту полез, гулу гиёҳҳо, дарахтони ҳосилхез, хонаҳо, мошинҳо ва ҳатто одамонро ба коми худ фурӯ мекашид ин аждаҳои бераҳм.
Ин офати табиӣ, ки дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Хатлон ва шаҳри Ҳисор сар зад, садҳо гектар замини корамро ба харобазор табдил дода, хонаҳои сокинони маҳалиро валангор намуд. Боришоти пай дар пай ба мардум хисороту зарари зиёде расонид, хатҳои барқ канда шуданд, садҳо хонаву мошинро сел шуста бурд.
Бузургтарин зараре, ки сел ба мардуми тоҷик расонд, ин талафоти ҷонӣ мебошад, ки бо ҳеҷ қиммате ҷуброн нахоҳад шуд.
Бино бар маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бар асари селборон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 3 нафар, дар Кӯлоб 3 нафар, дар Ҳисор 1 нафар, дар маҷмӯъ 7 нафар ҷони худро аз даст додаанд, вале мувофиқи баъзе хабарҳои ҳанӯз тасдиқ нашуда шумораи қурбониёни ин офати табиӣ бештар аст.
Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси КҲФ Рустам Назарзода супориш додааст, ки ба маҳалҳои аз офатҳои табии зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон сафар карда, ҳисороти ба хоҷагии халқ расидаро аниқ ва оқибатҳои обхезиро бартараф намоянд.
Мувофиқи маълумоти Маркази обу ҳавосанҷиии Тоҷикистон боришт то санаи 14-май идома ёфта метавонад, бинобар ин, мо аз тамоми муштариёни сомонаи Оила. ТЧ хоҳиш мекунем, ки бидуни зарурат ба сафар набароянд ва худу аҳли хонаводаашонро эҳтиёт намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД