Arzon march 2024
ҶОҒАР ЗАНРО ЗАИФ МЕКУНАД Ё МАРДРО?
2678


Ман Нилуфар. Нафасам мегирад ва бештар асабӣ мешавам, аммо ман намедонистам, ки бемории ҷоғар дорам. Фикр мекардам, ки сабабаш ҳомиладорӣ аст, вале духтурон баъди ташхис гуфтаанд, ки бемории ҷоғар дорам. Чанд сол боз ин бемори маро азият медиҳад. Сабабаш дар чист? Чи маслиҳат медиҳед?
Нилуфар ш.Душанбе

Посухи табиб: Нисо Мирзоева

Яке аз бемориҳое, ки дар ҷомеа паҳн гардидааст, ин бемории ҷоғар ва ё «зоб» мебошад. Ҳар яки мо дар зиндагӣ бо ин беморӣ рӯ ба рӯ гардидаем ва ё то андозае дар борааш маълумот дорем. Аввалин ҳарфе, ки бобати ин беморӣ ба мо мегӯянд, ин нарасидани йод дар организм мебошад. Вақте ин хабарро мо мефаҳмем, дарҳол ба суроғи йод мешитобем.

Яке аз сабаби ба ин бемори гирифтор шудан ин норасоии йод мебошад, бисёртар таъсирашро ба духтарбача мерасонад. Табобати ин бемори бояд аз ду то се моҳро дар бар мегирад. Агар сари вақт ин бемориро табобат накунем ин бемори таъсирашро ба ҳайзшавии духтарбача бештар мерасонад, ва метавонад занро бе насл намояд.

Зан худро бемадор, асабонӣ ҳис мекунад. Метавонед, аз намаки йоднок истифода баред, аз хурмо, чормағз ва аз гули алою аз чормағзи хом дору тайёр карда дар як руз ду маротиба ин доруро истеъмол намоед. Барои ҷароҳи кардани ҷоғар тавсия дода намешавад танҳо аз ду то се моҳ ҷоғарро бо тавсияи духтурон табобат хоҳед кард.

Табибон чанд намуди ин бемориро омӯхта пешниҳод намудаанд.

Эндемикӣ — ин намуди бемории ҷоғар дар кишвари мо хеле зиёд дида мешавад. Омили асосӣ он аст, ки қисмати зиёди аҳолии кишвар дар куҳистон зиндагӣ мекунад. Ин намуди бемории ҷоғap асосан дар натиҷаи нарасидани йод дар хок, об ва дар хӯроке, ки мо истеъмол менамоем пайдо мешавад. Меъёри йоде, ки барои одами солим пешниҳод мешавад, дар як шабонарӯз 1МF мебошад. Дар ҳолати нарасидани йод дар организми инсон ҳисси бемадориву асабишавӣ пайдо мешавад.

Гипертиреоз — намуди дигари бемории ҷоғар мебошад. Нишонаи оддии ин беморӣ калоншавии ғадуди сипаршакл мебошад. Мо ин ҳолатро гоҳ-гоҳ дар гулуи одамон мебинем. Калон шудани ғадуд ба зершавии узвҳои нафасгирӣ оварда мерасонад. Дар бисёр ҳангом бемориҳои онкологӣ низ одамро ба ин ҳолат меоранд. Чанд аломати норасоии йод маълум гардидааст, ки инҳо аз ҷумлаи онҳоянд:
— Бемадорӣ;
— Паст шудани қобилияти меҳнатӣ ва aқлӣ;
— Сустшавии зеҳн;
— Нафасгир шудан ҳангоми кори сабук;
— Хушкшавии пӯст ва ё арақкунии барзиёд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД