Arzon march 2024
ҲОҶӢ МАҲМУД ВА OILA.TJ БОЗ ЯК ОИЛАРО СОҲИБИ МАНЗИЛ КАРДАНД!(ВИДЕО)
2185
ҲОҶӢ МАҲМУД ВА OILA.TJ БОЗ ЯК ОИЛАРО СОҲИБИ МАНЗИЛ КАРДАНД!(ВИДЕО)


Малика Қувватова сокини шаҳри Турсунзода буда, ҳаёти сангинеро аз сар гузаронидааст. Муддати 25 -сол боз ин зани ҷафокашида ҳамроҳи фарзандони маъюбаш дар як хобгоҳи умумӣ умр ба сар бурда, аробаи зиндагиро ба танҳоӣ мекашид.

Бачаҳояш ҳанӯз 3-сола буданд, ки шавҳараш ба касалии саратон гирифтор шуда, аз олам даргузашт. Талабгоронаш зиёд бошад ҳам, апаи Малика дубора шавҳар накард, зеро намехост писарҳои дугоникаш Ҳасан ва Ҳусейн, ки аз модар бемор ба дунё омада, маъюб ҳастанд, пеши паиндар хору зор шаванд. Аз як тараф бемории фарзандон, аз ҷониби дигар алами бехонагӣ ин занро маҷбур намуд, ки ба барномаи “Умеди охирин”-и сомонаи ОИЛА.ТЧ муроҷиат намояд. Пас аз пахши навори видеоӣ аз рӯзгори пурдарди Малика Қувватова ва бачаҳои маъюбаш яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба аёдати ин оилаи ниёзманд рафта, бо вазъи зиндагии эшон аз наздик ошно гашт.

Пас аз шиносоӣ бо зиндагии душвори апаи Малика ва фарзандони маъюбаш Маҳмудҷон Муродов ба ин оилаи ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, ваъда дод, ки мушкили онҳоро ҳал ва Ҳасану Ҳусейнро хонадор мекунад. Сароғоз қарор буд, ки барои ин оилаи камбизоат аз биноҳои баландошёна хона мехаранд, вале бо дарназардошти он ки Ҳасан ва Ҳусейн ҷавонанду фардо оиладор шуда, соҳиби фарзанд мешаванд, ин соҳибкори боандеша барои ин оила як ҳавлии хеле калон ва зебову замонавиро пайдо кард. Манзиле, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Мурдов ба ин оилаи камбизоат туҳфа кардааст, аз 5 дар хонаи калону барҳаво, ду ҳамом ва ошхонаю дигар иншоотҳои зарурии рӯзгор иборат буда, бо қолину палос таъмин аст. Соҳибкори хайрхоҳ ҳамчунин ба Малика Қувватова 20 ҳазор сомонӣ маблағ дод, то ки мебел, яхдон, телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак ва дигар таҷҳизотҳои зарурии рӯзгорро харидорӣ намояд.

Апаи Малика ва писаронаш Ҳасану Хусейн он рӯз аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд, охир онҳо ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки рӯзе соҳиби чунин манзили зебо хоҳанд гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД