Arzon march 2024
НУЪМОНҶОНИ 19-СОЛА БО АЙБИ ҶӮРАҲОЯШ МУРД Ё ДАРЁ ФУРӮЪ БУРД?
18.06.2021
Р. Азимӣ
5449

 

Як модари тоҷик ба хабарнигори сомонаи «Оила» иттилоъ дод, ки писараш Нуъмонҷони 19-соларо ҷӯраҳояш дар дарё ғарқ кардаанд.

Аз рӯйи гуфти ин зан дӯстонаш ҳунари оббозӣ надоштани Нуъмонҷонро дидаву дониста, ӯро ба соҳили дарёи Об бурдаанд ва ҳангоми оббозӣ мавҷҳои пурзӯри ин дарёи хунхор ҷавонро ба коми худ кашидаанд. Модари аламзада аз болои рафиқони писараш ба мақомот шикоят кардааст ва тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.

«Писари 19-солаи ман бо гуноҳи ҷӯраҳояш ба коми дарёи Об фурӯ рафта дар дили ман доғи сӯзоне боқӣ гузошт. Ҷигарам аз ғами фарзанди ҷавонмаргам хун аст, тамоми вуҷудам мисли гулхани фурӯзон месӯзаду месӯзад. Доғи фарзанд бисёр гарон будааст»,- мегӯяд модари зори Нуъмонҷони ғуррамарг.

МЧС-и Русия хабар додааст, ки ин ҷавони тоҷик дар натиҷаи ба сангҳои дар зери об бархӯрда, сахт захмӣ шудани сараш ҷон бохтааст. Ҷисми беҷони Нуъмонҷонро баъди ду рӯзи ҳодиса пайдо намуда ба соҳил бароварданд. Тобути ин ҷавони ормонӣ аллакай ба Ватан фиристода шуда, ҷасадаш дар хоки аҷдодӣ дафн карда шуд, вале шикояти модари марҳум метавонад боиси дубора аз хок баровардани мурдаи ин ҷавони 19-сола гардад. Эҳтимол мақомот ба хотири дақиқ муайян намудани сабабҳои марги ҷавон ва дайн намудани гуноҳи гунаҳкорони ин ҳодиса ҷасади Нуъмонҷонро аз гӯр бароварда, ташхиси такрорӣ гузаронанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД