Рӯзномаи Business insider рӯйхати нуҳ марди бузургро тартиб додааст, ки гӯшт намехӯранд.
Собиқ президенти ИМА Билл Клинтон баъди ба бемории қалб гирифтор шуданаш, аз соли 2004 дигар гӯшт намехӯрад. Асосгузори Twitter, тоҷири бузург Биз Стоун, соҳиби 200 млн доллар, яке аз амрикоиҳои сарватмандтарин 10 сол боз гӯшт намехӯрад. Асосгузори Det Jam Records Расал Симонс соҳиби 340 млн доллар бошад ҳам, барои ҳифзи ҷони ҳайвонот гӯшт намехӯрад. Собиқ мири шаҳри Ню-Йорк Кори Букер 20 сол боз гӯшт намехӯрад. Собиқ сарвари Уолт Дисней Майкл Эйнер аз соли 1994 гӯшт намехӯрад.
Ҳунарманди машҳури Голливуд Вин Дизел низ чанд сол қабл аз гӯшт даст кашидааст.