Вақте ки сухан дар бораи нӯшокии машҳуртарини дунё меравад, ҳама гумон мекунанд, ки он ягон намуди шарбат ё машруботи махсус аст, ки харидору дӯстдорони зиёд дорад.
На ҳама медонанд, ки нӯшокии машҳуртарини дунё чойи муқаррарӣ ба шумор меравад. Тавре пурсишҳо нишон медиҳанд, ҳамарӯза дар дунё беш аз ду миллиард пиёлаи чой нӯшида мешавад. Дар ҷои дуюм дар миёни нӯшокиҳои бе машрубот қаҳва меистад. Аҷибаш он аст, ки беш аз 1 миллиард хитоӣ ҳамарӯза чанд маротиба чой менӯшанд. Англисҳо бошанд, нӯшидани чойро ҳамчун расму оини хос қабул кардаанд.