Нӯшдору нӯшу аз оқибатҳои нохуш эмин бош
Маъмулан ҳар сол аввалҳои моҳи октябр, ҳарорати ҳаво якбора паст мешавад, ки ин ба саломатии инсонҳо таъсири зиёди манфӣ мерасонад. Дар оғози фасли сармо бемориҳои вирусӣ миёни мардум зиёд шуда, бештари одамонро азият медиҳад. Дар баробари ин кӯдакон низ гирфтори бемориҳои вирусӣ аз ҷумла зуком мегарданд.
Зуком ин бемории вирусӣ буда, дар натиҷаи шамохӯрӣ, яъне аз таъсири ҳавои сард ба вуҷуд меояд. Инсонҳо дар марҳилаи аввали беморӣ аз ҳарорати баланди бадан, дарди гулӯ беҳолӣ бемадорӣ азият мекашанд. Баъдан сулфа, дарди умумии бадан гум шудани иштиҳо беморро бистарӣ мекунад.
Дар баробари калонсолон, кӯдаконро низ ин ҳолат азият медиҳад, ки бемории онҳо тамоми хонаводаро ғамгин месозад. Духтурони оилавӣ мегӯянд, ки ҳарорати баланди бадан барои кӯдакон хеле хатарнок аст.
Духтурони оилавӣ тавсия медиҳад, ки модарон бояд дар хона аз нӯшдоруҳои (сироп) зидди ҳароратбаландиро нигоҳ доранд. Зеро чунин нӯшдоруҳо ба ғайр аз паст кардани ҳарорати баланди кӯдак ҳамчунин дигар ҳолатҳои ногувори ӯро бартараф мекунад. Инҷиқӣ, гум шудани иштиҳо, беҳолӣ бемадории кӯдаконро дар марҳилаи аввали беморӣ чунин нӯшдоруҳо бартараф мекунад. Бар замми ин хӯрданаш мушкил набуд, кӯдакон ба осонӣ қабул мекунанд.
Барои бартараф кардани ҳама ҳолатҳое, ки фарзандони шуморо нороҳат месозад, ба тавсияи духтурони оилавӣ ё кӯдакона маводҳои дорувореро, ки истеъмол карданаш ба онҳо осон аст, истифода баред. Такид карда мешавад, ки ар ҳолати баланд будани ҳарорати кӯдакатон онро зери назорати ҷиддӣ гиред, зеро ин амал онҳоро аз дигар бемориҳои хатарнок эмин нигоҳ медорад.
Ба шумо ва фарзандонатон солимии бардавом хоҳонем!