Formula novemver 2024
Нозанини фиребгар (ҚИСМИ 1)
10.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1664

Саломи худро ба хонандагон мерасонам. Мехоҳам дар бораи қиссаи ошиқиву ба доми духтари фиребгар афтодани як дӯсти даврони донишҷӯиям ба шумо нақл кунам.

Ҳангоми дар Донишгоҳи политехникӣ таҳсил карданам, мо се нафар ҳамкурсон бо ҳам дӯсти наздик шудем. Ману Манучеҳр аз шаҳр будему дӯсти дигарамон Парвиз аз деҳа. Панҷ соли донишҷӯӣ зуд гузашт. Ростӣ, ман ҳатто ба либоспушӣ аҳамият намедодам, тамоми ҳушу хаёлам доим ба дарс банд буд. Шояд маҳз барои ҳамин ба ман дипломи аъло доданд. Баъди гирифтани диплом мудири кафедраамон мо- се нафар дӯстонро назди худ хонда, маслиҳат дод, ки оянда дар ҳамин кафедра ҳамроҳи устодони худ кор кунем. Бо волидонамон маслиҳат кардему розӣ шудем. Акнун мо муаллимони ҷавони донишгоҳ аз пайи кор шудем. Азбаски омӯзгорони ҷавон будем, донишҷӯдухтарон ба мо таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Вақте ба дарс медаромадем, духтарон бо ҳар роҳу восита диққати моро ба худ ҷалб карданӣ мешуданд. Манучеҳр ҷавони шӯхтабиату ҳушёр буд, аммо Парвиз бисёр оромтабиату нозук. Шояд барои ҳамин дар давоми панҷ соли донишҷӯиямон ба ду духтар ошиқ шуда, фиреб хӯрда буду пас аз ба шавҳар баромадани онҳо бисёр азоби руҳӣ мекашид.

Рӯзе Парвиз дар толори донишгоҳ нишаста будааст, ки ба наздаш як донишҷӯдухтари зебову қоматбаланд меояд. Духтар зуд ба Парвиз писанд меояд, лекин муаллим будани худро фаромӯш намекунад. Духтар, ки Роҳила ном доштааст, бо нозу карашма ба курсие нишаста, “муаллим бо шумо суҳбат кардан мумкин? гуфта мепурсад.

- Албатта, шуморо гӯш мекунам,- гӯён ҷавоб медиҳад.

- Муаллимҷон,- гӯён, ба ҳарфзанӣ медарояд Роҳилаи соҳибҷамол,-бахшиш, ман аз шумо як хоҳиши ҷиддӣ дорам. Намедонам чӣ тавр онро қабул мекунед. Ба ҷуз ба назди шумо омадан, илоҷи дигар надоштам. Маро дуруст фаҳмед. Чанд вақт мешавад, муаллим Бобоев маро ором намегузоранд. Шояд ба ман ошиқ шуда бошад. Ҳарчанд кардам, маро намефаҳманд. Чандин бор аз пасам рафтаанд. Рости гап, ман метарсам. Аз шумо хоҳиш дорам, ки маро пас аз дарс то дари донишгоҳ гусел намоед.

- Ман шуморо мефаҳмам, духтари зебо, вале ин хоҳиши шуморо иҷро карда наметавонам,-чун Парвиз ин гапро мегӯяд, Роҳила ба гиря кардан медарояд.

- Илтиҷо дорам муаллимҷон, не нагӯед, розӣ шавед, қурбонатон шавам,- Роҳила бо чунин суханони ширин дили Парвизро ба ҳоли худ месӯзонаду ба мақсад мерасад.

- Майлаш, аз ҳамин рӯз сар карда, маро пас аз дарсҳоятон мунтазир шавед, шуморо то назди дари донишгоҳ гусел мекунам,- Роҳила “ташаккур” гӯён, аз толор мебарояд.

Он рӯз Роҳила Парвизро мунтазир мешавад ва Парвиз ӯро то дари донишгоҳ гусел мекунад.

Азбаски бо Парвиз дӯстони хеле наздик будем, аввалин шуда, сирри дилашро ба ман мегуфт. Он рӯз аз дари хона даромаду “Хуршедҷон, дӯстам, медонӣ имрӯз чӣ шуд?” гӯён, тамоми воқеаи рухдодаро ба ман нақл кард. Ба Парвиз ҳеҷ чиз нагуфтам, вале лаҳзаи бори аввал ба гурӯҳи Роҳилаино даромаданамро ба хотир овардам. Чун ба аудитория дохил шудам, духтарон рӯи миз нишаста буданду бо ҳам суҳбат мекарданд. Ҷавонписарон бошанд, маро ҳамкурси нав гумон карда, хурсанд шуданд. Аммо чун дар дастам рӯзномаи гурӯҳро диданд, ҷонибам бо тааҷуб нигаристанд. “Ман Давлатов Хуршед, муаллими шумо” гуфта, худро муаррифӣ намудам. Духтарон пас аз шунидани калимаи муаллим ҳама аз миз фаромаданду ба ҷойҳои худ нишастанд. Ман низ шуруъ кардам ба фаҳмонидани мавзӯи дарсӣ. Баногаҳ чашмам ба духтаре афтод, ки дарсро гӯш накарда, ба навиштани чизе овора буд. Аз ӯ хоҳиш кардам то варақро ба ман диҳад. Сарашро хам кард, вале ҷавоне, ки ҳамроҳаш нишаста буд, варақро гирифта, даруни мушташ қат кард. Пас, бо хоҳиши ман варақро оварда, ба ман дод. Он духтар Роҳила буд. Аз Роҳила хоҳиш кардам, ки дигар чунин рафторашро такрор накунаду дар дарс бо аҳамият бошад. Дарс ба анҷом расиду ҳама аз аудитория баромада рафтанд ва ман варақро кушода хондам. Роҳила дар он симои базеби кадом муаллимро шарҳ дода, навишта буд: “У малима такие красивые глаза".

“Кошонаи Шаҳло”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД