arzon replenishment
НОЗАНИН ҲАЛОЛА ШУД, ВАЛЕ АЗ ДАСТ РАФТ...
25225

Қудрати хаткашонро дар ноҳияи мо ҳама мешинохтанд, зеро ин гуна одами зиштрӯ (Худо маро бахшад) дар ягон ҷо набуд, сари ин мард беҳад калон, рӯяш дароз, пешонааш дунг ва чашмонаш ниҳоят чуқур буданд. Вале аз чӣ бошад, бо ҳамин симои даҳшатнокаш нигоҳ накарда, мардум ӯро ҳурмату эҳтиром мекарданд, зеро хушсухану хушрафтор буд.

Худованд ба Қудрат симои ваҳим, вале тақдири баланде дода будааст, занаш Салима ба парӣ шабоҳат дошт. Қоматбаланди зебо, сап-сафед, ба қавле об хӯрад дар гӯлӯяш намуда меистод, мӯйдароз ва панҷ панҷааш ҳунар. Қиссаи хонадоршавии онҳо низ хеле аҷиб аст…

                             Қудрати Худо

Қудрат фарзанди аввалини волидайнаш буд, ӯ таваллуд шуду дар деҳа ҳама ба ваҳшат афтода, мегуфтанд, ки зани Амон «ҷондор» зодааст. Момодояҳо аз дидани тифлак ба даҳшат афтода, овозаҳои гуногун паҳн карданд. Амон мехост тифлаки булаҷабро ба ятимхона супорад, вале Шамъигул аз ҷонаш гузаштанӣ буду аз тифлакаш не…

Амон занашро талоқ дод. Шамъигул ба хонаи волидонаш баргашта, дар як гӯшаяки замини падарӣ хонае бино карда, тифлаки ба қавли мардум «ҷондор»-ашро ба воя мерасонд. Қудратулло ном ниҳод ба фарзандаш, зеро чеҳраи аҷоиби ӯро ҳадяи Оллоҳи бузург дониста, шукрона мекард. Шамъигул дар боғчаи баччаҳо ошпаз шуда кор мекард ва тамоми чизи ёфтаашро сарфи писараш менамуд. Қудрат модарашро зиёд дӯст медошту кӯшиш мекард ба вай ёвару мададгор бошад, дасту пойи бутун дошт, саломатияш хуб буд, танҳо чеҳрааш ниҳоят дар назар зишт метофт. Писарак мактабро тамом карду дар почтаи ноҳия ба ҳайси хаткашон ба кор даромад, Шамъигул бисёр мехост келин фароварда, армон шиканад, вале касе ба писари вай духтар намедод. Модарро ин алам оҳиста-оҳиста ба бистар кашид ва армони писари ягонаашро надида, аз олам гузашт.

Қудратро сину сол ба сӣ дакка мехӯрду дар кулбаи бе модар танҳо умр ба сар мебурд, бибиву бобояш низ кайҳо аз олам гузашта буданд. Меҳрубонаш танҳо зани тағояшу ҷиянҳо буданд, гоҳ-гоҳе дами гарме меоварданд, худаш аксар вақт дар ошхонаҳо хӯрок мехӯрд…

                                 Таклифи аҷиб

Як шом Қудрат нав аз кор баргашта, рӯйи кати таги ҳавозаи ангураш як пиёла чойи танҳоияшро менӯшид, ки ду нафар бе пушт бе пушт ба ҳавлияш даромаданду авҳолпурсияш намуданд. Яке аз мардон лаби кат амонат нишаста гуфт:

-Додар, ҳамин мард (марди ҳамроҳаш қавоқашро андохта, сараш хам ба рӯйи онҳо нигоҳ намекард) додари ман аст. Занашро сари қаҳру ғазаб се талоқ кардааст, зиндагияшон аз рӯйи шариат номумкин аст, бояд ҳалола кунад. Мо ба шумо пул медиҳем ва зани додарамро низ никоҳ карда медиҳем, як шаб ҳамроҳатон истад, рӯзи дигар талоқашро медиҳеду омада мебарем. Қудрат аввал ба ин кор розӣ нашуд, вале мард гуфт, ки онҳо як писараки шашмоҳа доранду сағира нашавад… Бепадарӣ ҷойи дардманди дили Қудрат буд ва ба хотири кӯдак розӣ шуд ба ин кори нангин. Дар дил азм кард, ки майлаш дасти он занро намедорад, бигузор оилааш ба хотири кӯдак аз вайроншавӣ эмин бимонад.

Ӯ гиряҳои зор-зори модар ва бепадарии худро пеши назар оварда розӣ шуд…

                          Паричеҳра

Мардҳо рафтанду баъди торик шудани шаб занро гирифта омаданд. Дар дасти зан кӯдаки зебои фарбеҳаке низ буд. Шавҳари зан ҳамоно хомӯш буду бародараш назди Қудрат як қабза пул монду хутбаи никоҳоро хонд. Қудрат пулҳоро гардонда, ба мард дода гуфт:

-Бародар, намедонам шумо аз деҳаи ҳамсоя барои чӣ маро барои ин кори нангин интихоб кардед, вале ман ба хотири ана ҳамин кӯдак розӣ шудам. Пулатон лозим нест.

Мард пулҳоро баргашта ба кисааш монда гуфт, ки ин сир бояд байни мо монад…

Мардҳо рафтанду кӯдак ба гиристан оғоз кард, зан низ баробари кӯдак мегирист. Қудрат чӣ кор карданашро надониста гуфт:

-Хоҳари азиз, ман ба шумо кор надорам. Биёед, кӯдакро ба ман диҳед ё маро дида метарсад…

Зан кӯдакро ба дасти Қудрат дод, мард бори аввал кӯдакро болои дастонаш мегирифта, бо лаҳни кӯдакона навозишаш кард:

-Э паҳлавонча, гиря накун, модарат зиқ мешавад…

Кӯдак оҳиста-оҳиста хомӯш шуду худ ба худ гурунг-гурунг карда, барача барин хобаш бурда монд. Зан рӯймолашро як тараф карда, ба Қудрат нигаристу бо ашки шашқатор гуфт:

-Ман як сағираи бесоҳибам, на падар дораму на бародар, як кампири модар дораму халос. Хонаводаи шавҳарам дар ҳамсоягии мо мезистанд ва маро барои фарзанди кенҷаашон келин карданд. Дар ин хонавода ман чун каниз кор мекунам, боз шавҳарам шабу рӯз зери лагад мегирад.

Қудрат дурусттар нигариста, дид, ки сару рӯйи зан, ки мисли парӣ зебо буд, пури захми кабуду сиёҳ аст. Ҳатто дар ҳамин ҳолат ҳам ӯ зебо буд… Зан ашки чашмонашро пок карда, бо оҳи сард нақлашро идома дод:

-Аз бесоҳибиям истифода карда, оварда никоҳ карда, ба шумо доданд, очаи бечораам зорӣ кард, ки талоқаш кардӣ, хуб кардӣ, мон зиндагӣ мекунем дукаса, аммо додаршӯям фикри ҳалоларо кард…      

                             Гардиши қисмат

Он шаб то рӯз ду кас рози дил гуфтанд, Қудрат Нозанинро тасалло медод, ки ҳоло шавҳараш шарм дошта, марди хуб мешавад… Аммо Нозанин бо гиря гуфт:

-Не, шавҳарам бадтар мешавад, ман ҳам дигар ӯро чашми дидан надорам, чӣ қадар хориҳо кашидам дар ин ду сол, худам медонаму Худо ва чор девори хонаам…

Қудрат ба Нозанин менигаристу ба шавҳараш лаънат мехонд, ки ҳамин гуна зани боақлу зеборо ба ин ҳол расонидааст…Субҳ дамиду дар чашми ин ду нафар хоб набуд, ҳамин вақт мошин ғиррӣ назди дарвозаи фарсуда истоду акаву додар ба хона зада даромаданд, “Зуд бош, меравем”,- амр кард додаршӯяш ба Нозанин, аммо зан ҷавобе дод, ки ҳама дар ҷояшон шах шуданд…

Ман ҳеҷ куҷо намеравам, ман акнун зани ҳамин мард ҳастам ва бо ҳамин мемонам. Шавҳараш ин тавр ранг гирифтани ҳодисаро дида, хост аз нав занро зери мушту лагад гирад, ки Нозанин фарёд кард:

-Ту чӣ ҳақ дорӣ, ба сари зани дигар кас мушт мебардорӣ, гум шавед аз хонаи ман..

Мард ҳақоратҳои қабеҳро ба сари зан рехту писари хобашро таги каш карда, аз хона баромад ва баъди чанд лаҳза кӯдаки аз тарс чиррос зада гиря мекардаро оварда, боли кат ҳаво дода гуфт:

-Гир, ҳаромиятро! Мардҳо аз хона баромада рафтанду баъд Қудрат ба худ омад, гумон мекард ҳамаи инро дар хоб мебинад…

                         Ситораи бахт

Бо дамидани субҳу баромадани хуршед, аввал дар деҳа ва баъдан дар ноҳия пури овоза шуд… Аммо Нозанин ба зӯриву зориҳои авлоди шавҳари собиқаш дода нашуда, қадамашро аз хонаи Қудрат берун намонд ва ба ин марди азоби қисматдида бахт овард…

Баъди як моҳ кампири Холмоҳ, модари Нозанин низ барои зиндагии доимӣ ба хонаи духтараш омад. Хонаву дари кампирро дар деҳаи ҳамсоя фурӯхтаву хонаву дари худашонро чаппа карда, хонаҳои нав сохтанд Қудрату Нозанин, Шукруллоҳ писараки Нозанин он қадар ба падарандараш меҳр дошт, ки ногуфтанӣ. Ин хонуми паричеҳра аз никоҳи дуввум се писари нозанину як духтари моҳчеҳра таваллуд кард. Ба зиндагии ин ҷуфт мардум бо ҳавас менигаристанд, писарон қад кашида, ба воя мерасиданду армони волидайнро мешикастанд…

Имрӯз пиру кампир давлати пирӣ меронанд, писаронашон яке судя, дуввумӣ духтур, саввумию кенҷагӣ тоҷир ва духтарашон муаллима ҳастанд…      

Аҷаб гардишҳое дорад қисмати одамӣ….

                                                            

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД