Ношунавоёни тоҷик ба иттилоот қариб, ки дастрасӣ надоранд, чунки телевизоонҳои давлатӣ аз тарҷумонҳо барои ношунавоён истифода намебаранд.
Мушкилии дуюм аз таълим дур монданӣ ин гурӯҳи одамон мебошад, ки дар аксари ҳолат волидон онҳоро ба мактаб намегузоранд, то илму дониш омӯзанд, ҳарчанд нафақаи фарзанди ношунавои худро мегиранд. Аксари ношунавоён ҳатто намедонанд, ки волидонашон нафақаи онҳоро гирифта, истифода мебаранд.
Ин ва дигар мушкилоти ношунавоён мавзӯи асосии мизи муддаваре буд, ки имрӯз дар меҳмонхонаи “Рӯмӣ” бо дастгирии Ташкилоти чамъиятии Созмони занони маъюб "Иштирок " ва бо иштироки намояндагони вазорату идораву кумитаҳои дахлдор ва рӯзноманигорон баргузор гашта, ба мавзӯи ҳаёти маъюбон рабт дошт.
Абдуманон Шарипов, намояндаи Иттиҳодияи миллии ношунавоёни ҶТ дар суханронии худ ба ин масъала диққати махсус дода, қайд кард, ки вақте ношунавоён ба корхонаҳо, мақомотҳои давлатӣ, беморхонаҳо мераванд, ба онҳо тарҷумон лозим аст, ки сухани онҳоро расонанд ва онҳо низ тавонанд фикри ҳамсуҳбаташонро фаҳманд.
“Дар ҷамъият фақат ду тарҷумон аст, ки ин хеле кам аст. Донишгоҳҳо барои мо тарҷумон тайёр намекунанд. Дар донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон, факултаи сурдо-педогогика мавҷуд аст, ки муаллимони ин соҳаро омода мекунад, вале онҳо тарҷумон шуда наметавонанд. Бояд мушкилии мо аз тарафи мақомотҳои марбута ба назар гирифта шуда, шумораи тарҷумонҳоро зиёд намоянд”-таъкид кард Шарипов.
Абдураҳмон Ҳаётов, намояндаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вобаста ба масъали зикргардида назари худро баён намуда, иброз дошт, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба мушкилии ироагардида судо-педогогҳоро омода мекунанд.
“Дар Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон, дар Донишгоҳи Давлатии Хатлон, Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мутахассисон барои ношунашоён тайёр карда мешаванд ва ҳамасола то 300 нафар ин ихтиссосро хатм намуда, ба кор таъмин карда мешаванд”-мегӯяд ин масъули вазорат .
Айни ҳол дар кишвар 61 мактаб-интернат фаъолият дорад, ки 14 тои онҳо хусусияти ҷумҳуриявӣ дошта 5-тои он пурра бо таълиму тарбияи маъюбон машғуланд. Ин муассисаҳои таълимӣ ройгон буда, барои ин гурӯҳи одамон ягон мамоният вуҷуд надорад. Дар ноҳияи Рудакӣ низ ду муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки мутахассисон дар ин таълимгоҳҳо ба мактаббачаҳои ношунаво дарс мегӯянд.
Зарина Азамова, ки дар ин миззи муддавар ба ҳайси тарҷумони ношунавоён фаъолият мекард, норасогии кадр дар самтро яке аз мушкилиҳои асосии ношунавоён меҳисобад. Ӯ мегӯяд, ки омӯзгор судог дигар асту тарҷумон дигар.
“Шахсони ношунаво меоянд ба ҷамъият ва мегӯянд, ки бо ман ба милисахона равед, ба прокуратура равед ё дигар кумитаву идораҳое, ки барояшон лозим аст. Меравем ва сухани онҳоро тарҷума мекунем. Мо дар ин самт кор бурда истодаем ва аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки дастгирӣ намоянд, то масъалаи норасии кадрҳоро дар якҷоягӣ ҳал намоем!
Дар миззи муддавар ҳамчунин дигар мушкилиҳои шахсони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла, дастрасӣ доштан ба имкониятҳояшон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, биноҳои маишӣ, беморхонаву дигар мавзеъҳо баррасӣ гардид, ки онро дар маводҳои минбаъда инъикос менамоем.