Арўси бедил
Сафо байни чор хоҳар писари ягонаи волидайнаш буд, се апааш кайҳо шавҳар карда, пайи зиндагии худ буданд, ва хоҳари хурдияш - Бунафша дар мактаби миёна мехонду дастёри беминнати ман буд. Сафо маро зиёд дўст медошту равои озорамро надошт, хусуру хушдоманам ҳам келинҷон гуфта, садқаю балогардонам мешуданд. Хулоса, дар хонаи шавҳар ман ягон танқисӣ надоштам…
Ман ҷойи корамро иваз кардан нахоста, дар мактаби деҳаи худамон кор мекардам. Субҳи барвақт хеста, ҳавлиро меруфтаму хонаи хоби худамро тамиз карда, ҳамроҳи Бунафшаи қобилак наҳорӣ тайёр карда, мехўрдему шавҳарам маро ба мошини он вақтҳо шуҳратёри «Волга»-аш шинонида, ба мактаб мебурд. Дигар, то бегоҳ кору бори хона бар зиммаи Бунафшаю хушдоманам буданд, бегоҳ ману Сафо аз кор бармегаштему сари хони пурнозу неъмат менишастем. Аммо дилам ба Сафо гарм намешуд, ўро бисёр вақт ба ҷогаҳам роҳ намедодам. Сафо, ки маро дўст медошт, ҳамаро таҳаммул мекард. Таҳаммули ўро дида, ман бераҳмтар мешудам, аммо Сафо ҳамоно хомўш буду ғайри гапи хуб чизи дигар намегуфт. Дили модаронаи хушдоманам ҳис мекард, ки ман ба писараш меҳр надорам, аммо хомўшии Сафоро дида, лаб во намекард. Фақат гоҳ-гоҳе ҳар гуна панду ҳикояҳо карда, ба ман ҳушдор медод, ман аз шарм ба рўяш нигоҳ намекардам. Зеро худамро назди ин зани меҳрубон гунаҳгор медонистам.
Модари бемеҳр
Худованд ба бедилиҳоям нигоҳ накарда, маро аз беҳтарин неъмат дар зиндагӣ - фарзанд баҳраманд гардонид. Дар қадам фарзанд пайдо шуд, вале ман ба ҷойи шукр гуфтану дўст доштани шавҳари меҳрубонам, бадтар шудам. Акнун, умуман бо Сафо гап намезадам, хаставу нотавон будам, дилбеҳузурӣ ва дарди сар азобам медод. Ҳамеша ба модарам мегуфтам, ки барои чӣ ҳомиладор шудам, кошкӣ фарзанддор намешдуаму аз Сафои сиёҳ ҷудо мешудам. Модарам маро ношукру худобехабар гуфта, ҳамроҳам ҳамеша ҷангу ҷанҷол мекард. Муҳлати ҳомиладориям пушти сар шуду писараки зебое ба дунё овардам, вале дилам хурсанд набуд. Ягон меҳре ба ин кўдаки бегуноҳи маъсум эҳсос намекардам. Сафо ҳар рўз бо дастовезҳои зиёд ба беморхона меомаду рўзи рухсат шуданам аз таваллудхон ҳам ба сари ходимони тиб пулу гул рехт.
Чилаамро дар хонаи модарам бароварда, ба хонаи худам рафтам, хушдоманаму Бунафша намегузоштанд дастамро ба оби хунук занам. Рўзи дароз нигоҳубини Вафои хурдакак ба зиммаи бибияш буд, шабҳо аз ман зиёдтар Сафо нигоҳубин мекард писарчаамонро. Бечора Сафо, шояд ба умеди каме ҳам бошад нарм шудани ман ба фарзандамон Вафо ном гузошта буд, вале…
Марги фарзанд ва ҷудоӣ
Ба фарзандам кам-кам одат мекардам, Вафоча акнун шашмоҳа шуда буду сергуштаку хандонак буд. Аммо ман дигар ба ў шир намедодаму ба шири сунъӣ ва шири гов омўхтааш кардам. То баъди яксола шуданаш вайро бо бибияш гузошта, ба кор бароям. Сафо ба ин корам розӣ набошад ҳам, чизе намегуфт. Шояд аз шири модар ҷудо шудан буд, ё чизи дигар, ки писараки сиҳату саломат ба бемории дарунравӣ гирифтор шуда, дар як ҳафта шаъм барин об шуда, вафот кард. Сафо дар маги писарчаамон хун мегирист, хусуру хушдоманам ҳам, Бунафша бошад як моҳи дароз куртаҳои ҷиянчаашро бўй кашида, фарёд мезад. Ман ҳам сахт дилтанги писаракам будам…
Баъди як моҳи марги писарчаам ба кор баромадам, Сафо дигар он Сафои меҳрубони пешин набуд. Гўё ман баояш умуман бегона бошам, на наздам медаромаду на ба рўям нигоҳ мекард, ҳамин тавр, девори оиладории мо оҳиста- оҳиста фурў мерафт. Ман аз ин ҳама розию мамнун будам, ва оқибати кори мо бо ҷудоӣ анҷом ёфт. Ман бо касе ҷангу ҷидол накардам, аҳли хонаводаи шавҳарам низ, маро бад нагуфтанд. Вақте ҳамроҳи апаам барои овардани бору бунам рафтам, Бунафша дудаста ба гарданам часпида, зорӣ мекард: “Янгаҷон, наравед, ман шуморо дўст медорам, илтимос наравед!...».
Хушдоманам ба рўям нигоҳ накарда, омада бо ҷоруби дар дасташ буда дуто ба пушти духтараш зада гуфт: “Э муре, ин малика бо сиёҳҳо зиндагӣ кардан намехоҳад, чӣ зорияш мекунӣ? Худованд, ин даъфа дар тақдираш марди сап-сафеде бошад!”.
Ман нафаси осуда кашида, ба хонаи волидонам баргаштам, он ҷо хонаеро барои худам оро дода, мизу курсиямро гузоштаму пура ба кор часпидам. Субҳ мебаромадаму бегоҳ бармегаштам, чунин буд зиндагонии ман…
(Давом дорад)
Бо эҳтиром, НАЗОКАТ
Таснифи Нисо ХОЛИД