arzon replenishment
Ному насаби рӯзноманигорро иваз накарданд
474

Сулаймон Давлатзода, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасати хабарии имрӯзаш, сабт нашудани ҷамъияти зардуштиёнро аз ҷониби рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков шарҳ дод.

Раиси Кумита гуфт, Талбаков барои сабти иттиҳодияи диннӣ ба Кумита на ба шакли хаттӣ, балки худаш шифоҳӣ муроҷиат намуд.

"Ба он нафар номгӯи ҳуҷҷаҳои лозимиро, ки барои кушодани чунин иттиҳодия зарур аст, пешниҳод кардем. Бо ҳамин дигар муроҷиат накардааст", - гуфт Давлатзода.

Сулаймон Давлатзода гуфт, барои ташкил кардани иттиҳодияи динӣ он бояд ҳудуди 10 нафар пайрав дошта бошад. Тибқи қонунгузории кишвар касеро барои пайравӣ кардан ба ягон дин ё мазҳаб маҷбур намекунанд. Ба хотири баровардани эътиқодҳои мардум қонун ҳуқуқ додааст, ки шаҳрвандон дар шакли инфиродӣ ё дастаҷамъӣ барои сабти иттиҳодия муроҷиат намоянд.

Талбаков ҳанӯз моҳи феврали имсол пешниҳоди таъсиси ҷамъияти "Зардуштиёни Тоҷикистон"-ро карда буд. Ӯ пас аз марги Одина Шоҳӣ, яке аз пайравони оини зардуштӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) гуфт, дар андешаи таъсиси ҷамъияти "Зардуштиёни Тоҷикистон" аст.

“Марги ин абармард маро ба хулосае овард, ки акунун оташи зардуштӣ бояд хомӯш нашавад. Ман дар сари гури бобои Одина Шоҳӣ мегӯям, ки ман муваззаф мешавам, то ин роҳро давом диҳам,” -гуфта буд он замон ӯ.

Абдуқодир Талбаков, ки худро пайрави зардуштия медонад, мегӯяд, ҳоло дар гӯшаҳои ҷаҳон 200 ҳазор пайрави зардуштӣ аст.

“Акнун тасмими ман ҳамин аст, ки ҷаъмияти зардуштони Тоҷикистонро бояд расмӣ кард. Ташкилоти динии зардуштияро бояд расмӣ кард, зеро мо ҷомеаи демократӣ бунёд карда истодаем, қонун ва сарқонун моро иҷозат медиҳад. Гузашта аз ин ҳудуди 200 ҳазор нафар зардуштӣ дар тамоми олам бесоҳибанд ва ҷазираи ақвоми ориё ҳоло Тоҷикистон аст,” -гуфта буд ӯ.

Ҳамзамон, ӯ эълон кард, ки расман ному насабашро Ориёмеҳр Зардушт мемонад, вале чанд рӯз қабл бо нашри як видео дар Фейсбук хабар дод, ки талошҳои чандинмоҳааш барои ба иваз кардани ному насабаш бенатиҷа анҷом ёфтаанд ва вазири адлияи кишвар Музаффар Ашӯриён ин дархости ӯро рад кардааст.

Дар Вазорати адлия ба Талбаков аз лиҳози қонунӣ ғайримумкин будани чунин шеваи тағйири ному насабро фаҳмонда, пешниҳод кардаанд, ки аз Ориёмеҳр Зардушт ба ҳайси тахаллуси эҷодӣ истифода кунад.

 

 

 

Бояд гуфт, ки тибқи омори расмӣ дар кишвар 4058 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Абдуқодир Талбаков ё Абдуқодири Абдуқаҳҳор 15 декабри соли 1967 дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи умумиро солҳои 1975—1985 дар мактаби миёнаи умумии №19-и зодгоҳаш гирифта, солҳои 1987—1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хидмати ҳарбӣ кардааст. Соли 1995 факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Талбаков фаъолияташро аз Телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, беш аз 10 сол дар онҷо кору фаъолият кардааст. Ӯ солҳои 1995—1998 муҳаррири саридораи «Ахбор», 1998—1999 муҳаррири калони идораи иттилооти-таҳлилӣ, 1999—2001 муовини сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилӣ, 2001—2002 сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилӣ, 2002—2002 муҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилӣ, 2002—2004 шореҳи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилӣ, 2004—2005 муҳаррири варзидаи барномаҳои «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилооти-таҳлилӣ ва муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон буд.

Аз соли 2006 то 2012 ҳамчун директори Радиои Тоҷикистонва аз соли 2012 то 2014 сарвари Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт» буд. Солҳои 2014—2015 чун сардори шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе кор карда, соли 2015 директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣтаъин шуд, вале чанде пеш аз ин мақом истеъфо дод.

 

Талбаков соли 2010 бо ордени Шараф дараҷаи 2 қадрдонӣ шудааст. Ӯ оиладор ва соҳиби 3 фарзанд: 2 духтару 1 писар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД